ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА САЙЁҲӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Панҷрӯд иншооти варзишӣ ва сайёҳиро ба истифода доданд.

Иншооти мазкур ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои дар оянда ба оммавигардонии тарзи ҳаёти солим ва рушди соҳаи сайёҳӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Иншооти варзишӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Юсуфов Юсуфҷон ба маблағи 383 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Масоҳати умумии иншооти мазкур 3 гектарро ташкил дода, дар ҳудуди он ду майдончаи варзишӣ барои футболбозӣ сохта шудааст. Ҳамчунин, ҷойи дамгирии варзишгарону сайёҳон бо ҳамаи шароитҳои замонавӣ сохта шудааст. Баъди ба истифодабарӣ додани иншооти мазкур 5 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо ҷавонону наврасони маҳал зикр намуданд, ки ба бозиҳои варзишӣ дар вақтҳои холигӣ машғул шудан яке аз роҳҳои муфиди пешгирӣ аз гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракат ва ақидаҳои итиҷоӣ мебошад.

Давлаталӣ Саид ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муосири варзишӣ баҳои баланд доданд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки варзиш дар ҷаҳони муосир яке аз василаҳои муҳимтарини муаррифии миллату давлат ба ҳисоб меравад, раиси вилоят аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки бештар ба варзиш машғул шаванд ва тарзи ҳаёти солимро шуғли доимии худ интихоб намоянд. Пас аз мулоқот раиси вилоят ба наврасон тӯҳфаҳо супориданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

 

Related Articles