ҲАМАДОНӢ: РАИСИ ВИЛОЯТ КОРХОНАИ ПАХТАТОЗАКУНИРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
Имрӯз, 20 июл, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Токистони деҳоти Панҷоб корхонаи коркарди пахтаро ба истифода доданд.
Иншооти мазкур ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади содироти нахи пахта, таъмини аҳолӣ ба ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуд.
Корхона аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Раҷабзода Шодӣ дар масоҳати 1,5 гектар замин ба маблағи 4,3 миллион сомонӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти нави замонавӣ сохта шудааст.
Иқтидори корхона дар як сол қабул ва коркарди 15000 тонна пахтаро ташкил дода, пас аз баистифодадиҳӣ 30 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Инчунин, дар зиёда аз 100 ҷойи кори мавсимӣ барои сокинон муҳайё гардидааст.
Соҳибкор ният дорад, ки дар оянда корхонаи равғанбарорирӣ ҳам таъсис бидиҳад.
Бунёди иншооти мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳои миллӣ — “Солҳои 2022–2026 — Солҳои рушди саноат” амалӣ гардида, дар татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла рушди инфрасохтор, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим хоҳад мегузорад.
Ҳангоми боздид раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки бунёди чунин корхонаҳо дар вилоят ба рушди соҳаи саноат, зиёд гардидани ҷойҳои нави корӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти сохтмонии ватанӣ бо нархи дастрас мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон