ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 20 июл, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Меҳрвари ҷамоати деҳоти Чӯбек синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30-ро ифтитоҳ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинобар сабаби зиёд шудани хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 эҳтиёҷ ба сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи мазкур ба миён омада буд. Дар натиҷаи сол то сол афзоиш ёфтани аҳолии деҳа шумораи хонандагони муассиса ба 1852 нафар расида, айни ҳол дар 31 синфхона дар се баст таҳсил карда истодаанд.
Синфхонаҳои иловагӣ ба маблағи 1 миллиону 692 ҳазору 954 сомонӣ аз тарафи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 240 нафар дар ду баст сохта шудаанд. Бино дуошёна буда, аз 4 синфхона ва як ҳуҷраи корӣ иборат мебошад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо омӯзгорон суҳбат намуда, онҳоро муваззаф намуданд, ки бо фаъолияти назаррас саҳми худро дар ободии диёр гузоранд.
Ҳамчунин маорифчиён аз чунин туҳфаи зебо изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбият менамоянд.
Соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҷиҳати дастгирӣ ва фаъолияти самараноки соҳа дар вилоят таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад.
Бояд зикр намуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 21 иншооти нави таълимӣ, аз ҷумла 120 синфхона бо 3000 ҷойи нишаст дар як баст ва 6000 ҷой дар ду баст мавриди истифода қарор дода шуд.
Аз соли 2007 то имрӯз дар вилояти Хатлон 3394 нафар омӯзгорони ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ, замини полезӣ ва қарзҳои имтиёзнок гардиданд. Танҳо дар соли 2025 ин рақам 123 нафарро ташкил дод.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон