Имрӯз, 30 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо рафти корҳои таъмиру азнавсозӣ дар Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин шинос шуданд.
Айни замон дар доираи эълони соли 2025 ҳамчун «Соли фарҳанги китобхонӣ” дар вилоят корҳои таъмиру азнавсозии китобхона ҷараён дошта, он ба талаботи замони муосир мутобиқ карда мешавад.
Корҳои таъмиру азнавсозӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷуръат” бо маблағи 2,5 миллион сомонӣ идома дошта, беҳтарин шароити корӣ барои кормандон ва истифодабарандагон муҳайё хоҳад гашт.
Дар асри технологияҳои иттилоотӣ китобхона низ рушд мекунад, бинобар ин нусхаҳои зиёди осори адабии дар китобхона ҳифзшаванда ба шакли электронӣ табдил дода мешаванд. Аз захираҳои китобхона хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои гуногуни таълимӣ истифода мебаранд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид аснои шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон ба масъулон ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо ва фаъолияти назаррас дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар вилояти Хатлон 492 адад китобхона, аз ҷумла 3 адад китобхонаи вилоятӣ, 25 адад китобхонаи марказӣ, 25 адад китобхона-филиали шаҳрӣ, 413 адад китобхона-филиали деҳотӣ ва 26 адад китобхонаи бачагона бо хазинаи умумии 2 554 843 нусха китоб, ки аз он 947 241 нусха ба забони тоҷикӣ (37 фоиз), 1 353 136 нусха ба забони русӣ (53 фоиз) ва 254 466 нусха ба дигар забонҳо (10 фоиз) буда, ба аҳолӣ хизмати китобӣ мерасонанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон