ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Имрӯз, 2 июн, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовин якуми раиси вилоят, муовинон, роҳбари дастгоҳ, бархе аз сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Дар ҷаласа ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки дар семинари ҷумҳуриявии кишоварзон ва вохурӣ бо фаъолон дар ноҳияи Данғара оид ба бартараф кардани мушкилотҳо ва ислоҳ намудани камбудиҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят ироа гардида буд, пурсиш сурат гирифта, корҳои анҷомёфта дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар семинари ҷумҳуриявии кишоварзон ва вохурӣ бо фаъолон дар ноҳияи Данғара оид ба бартараф кардани мушкилотҳо ва ислоҳ намудани камбудиҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят ироа карда буданд, андешаронӣ намуда, таъкид дошт, ки роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ва супоришу вазифаҳои дар пешгузоштаи Президенти кишвар мебояд чораҳои амиқу саривақтӣ андешанд.

Иброз гардид, ки ҳанӯз ҳам дар вилоят имкониятҳои истифоданашуда барои рушди иқтисодиёт зиёданд, ки дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатии рушд барои таъмини зиндагии шоистаи мардум шароит фароҳам меорад.
Гуфта шуд, ки барои истифодаи самараноки заминҳои кишт, баланд бардоштани ҳосилхезии онҳо, таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ, бахусус, пахта ва ғалладонагиҳо ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.

Ҷиҳати содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳудуди вилояти Хатлон дастур дода шуд, ки ҳоло ҷамъовари сабзавоту меваҷот ба роҳ монда шудааст, шумори истеҳсолот ва содирот ҳатман ба оморҳо ворид карда шавад.

Раиси вилоят вобаста ба роҳандозии фаъолияти дурусти корхонаҳои пахта, ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ба ин васила зиёд намудани ҷойҳои корӣ, бо дарназардошти мураккабу вазнин ва ҳатарзо пешгӯӣ гардидани солҳои дарпешистода сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, пешбурди корҳои оммафаҳмонӣ ва вохӯриҳо бо ҷавонону сокинон, ҳидоят намудани онҳо ба ватандорию хештаншиносӣ, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ, ҷамъоварии саривақтии андозҳо, беҳтар намудани сифати таълим ва иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дуруст ба роҳ мондани хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббӣ, вусъат бахшидан ба раванди бунёди иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлат пурсон шуда, дастуру супориш ва тавсияҳои муфид дод.

Таъкид гардид, ки фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ ва муайян намудани ақидаи иҷтимоии оилаҳо бо усули фардии “Хона ба хона” ҷоннок карда шавад.

Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ва истифодаи тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда вобаста ба таъмини рушди соҳаҳои иқтисодӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles