Имрӯз, 30 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Кӯшониён ва Панҷ таъингардидаро барои суҳбат қабул намуданд.
Бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ализода Азизулло Муҳибулло, муовини якуми раиси ноҳияи Кӯшониён, Ҳақназарзода Нусратулло, муовини якуми раиси ноҳияи Панҷ, аз ҳисоби кадрҳои кордону варзида ва ҷавону ояндадор таъин гардиданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дастур доданд, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ поквиҷдонона ва бо садоқат ба арзишҳои миллӣ муносибат намуда, баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат кӯшиш намоянд.
Таъкид гардид, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд аз ҳарвақта дида ҷиддитару бомасъулият ба кор муносибат намуда, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ нисбат ба зердастон серталаб бошанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон