Падару модарони азиз,
Омӯзгорон ва тарбиятгарон,
Фарзандони меҳрубон!
Кӯдакону наврасон сарвати асосии ҳар як халқу миллат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагӣ, таълиму тарбия, беҳдошти саломатӣ ва таъмини истироҳату фароғати онҳо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Шумо фарзандони азизро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн ҷашн гирифта мешавад, табрик намуда, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва дар ҳаёти минбаъдаатон ояндаи дурахшон таманно менамоям.
Устодон ва мураббиёни азиз,
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба мо паём медиҳад, ки бори дигар ба масъалаи муҳими таълиму тарбия, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, муҳайё кардани муҳити солими равониву иҷтимоӣ ва шароити мусоиди зиндагӣ барои насли наврас таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем. Зеро кӯдакон ояндаи дурахшони миллат, захираҳои бузурги зеҳнию маънавӣ ва неруи созандаи ҷомеа мебошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Фарзандони мо соҳибони ояндаи давлату миллат ҳастанд ва мо вазифадорем, ки барои тарбия, таҳсил, саломатӣ ва рушди қобилияту истеъдодҳои онҳо тамоми шароитро фароҳам созем».
Дар робита ба ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба масъалаи ҳифзи кӯдакон ва таълиму тарбияи онҳо диққати махсус зоҳир намуда, сохтмони инфрасохтори соҳаи маориф ва ба ин васила таъмини шароити мусоиди таълиму бозомузии кудаконро дар меҳвари фаъолияти доимии худ қарор додааст.
Ба истиқболи ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ, бахусус дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ даҳҳо муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, майдончаҳои варзишию фароғатӣ, марказҳои наву замонавии забономӯзӣ ва муассисаҳои тандурустӣ барои кӯдакон бунёд гардиданд, ки ин марҳилаи муҳим бомаром идома дорад. Вобаста ба ин, соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 155 муассисаҳои соҳаи маориф бо 1123 синфхона ва 28150 ҷои нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуда, соли равон сохтмони 139 муассисаҳои таълимӣ ҷараён доранд, ки то имрӯз 20 адади он мавриди истифода қарор дода шудааст.
Масъалаи сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва Марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон низ мавриди таваҷҷуҳи доимии мо қарор дошта, айни замон дар ин муассисаҳо 105 460 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 25 фоизро ташкил намуда, ҷиҳати то 30 фоиз расонидани фарогирии кӯдакон ба зинаи аввали таҳсилот то охири соли равон корбарӣ идома дорад.
Падару модарони азиз!
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат ба тарбияи маънавии насли наврас диққати махсус зоҳир гардида, қабул ва татбиқи як қатор санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ ба рушди камолоти зеҳнию маънавии онҳо мусоидат менамояд.
Дар ин замина қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» тамоми қишрҳои ҷомеаро ба тарбияи мақсадноки кӯдакон водор намуда, имкон медиҳад, ки онҳо дар беҳтарин шароит ва муассисаҳои муосир хонанд, илм омӯзанд ва шахсияти худро дар ҷомеа комил гардонанд. Маҳз ҳамин таваҷҷӯҳ аст, ки ҳамасола иштироки кӯдакону наврасон дар озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ, илмӣ ва техникӣ зиёд гардида, истеъдод ва маҳорати баланди худро муаррифӣ менамоянд. Ба ин раванд ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” такони ҷиддӣ бахшида, дастовардҳои кӯдакону наврасон дар ин сабқатҳои зеҳнӣ сол то сол зиёд гардида истодааст.
Ҳамзамон, мо хуб медонем, ки кӯдакон эҳсосоти нозук ва ниёзҳои хос доранд. Онҳо муҳити пур аз меҳру муҳаббат, тарбияи нек, ғамхории волидайн ва дастгирии ҷомеаро талаб мекунанд. Барои ҳамин, аз падару модарон, омӯзгорон, ходимони соҳаи маорифу тандурустӣ ва тамоми шахсони масъул хоҳиш карда мешавад, ки ба тарбияи фарзандон бо эҳсоси баланди масъулият ва меҳрубонӣ муносибат намоянд.
Ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон танҳо масъулияти мақомоти давлатӣ нест, балки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус мебошад. Дар ин замина, бояд ҷиҳати ҷилавгирӣ аз зӯроварӣ дар оила, муносибати бетафовут ба таълиму тарбияи кӯдакон, ҳимояи кӯдакони маъюб ва дар шароити душвор қарордошта тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ин самт дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ барои беҳтарсозии шароити зиндагӣ ва таълиму тарбияи кӯдакон лоиҳаҳои судмандро амалӣ менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон имрӯз вобаста ба дастгирии кӯдакони маъюб ва ниёзманд низ таваҷҷуҳи хос дорад. Айни замон дар вилоят 13558 нафар кӯдакони маъюби то 18-сола ва 443 нафар ятимони кул зиндагӣ мекунанд, ки аз таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ва имтиёзҳои давлату ҳукумати кишвар бархурдоранд. Дар низоми соҳаи маорифи вилоят ба 1897 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд таълими инклюзивӣ (хонагӣ) дода шуда, онҳо пурра бо нафақапулӣ таъминанд, ки ҷиҳати дастгирии минбаъдаи онҳо андешидани тадбирҳои зарурӣ идома дода мешавад.
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар доираи иқдоми “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” чорабиниҳои гуногуни идона, аз қабили маҳфилҳои фарҳангӣ, озмунҳои зеҳнӣ, рассомию шеърхонӣ, намоишҳои ҳунарӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо шумораи зиёди кӯдакону наврасони вилоят иштирок намуданд. Ин тадбирҳо барои шод кардани қалби поки кӯдакон ва рӯҳбаланд намудани онҳо баргузор карда мешаванд, ки ҷанбаҳои муҳими тарбиявиро доро мебошанд.
Қобили зикр аст, ки нақши оила низ дар тарбияи фарзанди солиму бомаърифат бузург ва сарнавиштсоз аст. Маҳз дар муҳити хонавода кӯдак аввалин сабақҳои ахлоқӣ, арзишҳои миллӣ, муҳаббат ва эҳтиром ба инсонро меомӯзад. Оилаи солим бо муҳити гарму самимии худ ба ташаккули рӯҳия, ҷаҳонбинӣ ва шахсияти фарзанд таъсири мусбат мерасонад. Аз ин рӯ, волидонро зарур аст, ки дар баробари таъмини шароити моддӣ, ба тарбияи маънавию ахлоқии фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд ва онҳоро дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ, фарҳангдӯстӣ ва эҳтиром ба дигарон тарбия намоянд.
Мо бояд талош намоем, ки дар ҳар хонадон фазои меҳру ҳамдигарфаҳмӣ, дар ҳар муассисаи таълимӣ муҳити созанда ва дар тамоми ҷомеа эҳсоси масъулиятшиносӣ нисбат ба кӯдакон ҳукмфармо бошад. Зеро кӯдаки имрӯз раҳбари фардо, донишманди фардо ва меъмори фардои ҷомеаи мо хоҳад буд.
Бо чунин ниятҳои хайр, бори дигар тамоми кӯдакони вилояти Хатлон ва волидони онҳоро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик гуфта, ба ҳар кадом умри дароз, шодиҳои фаровон, таҳсили хубу аъло, солимии ҷисмонӣ ва равониро орзумандам.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак бошад!