ДУШАНБЕ, 10.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар ҷаласа аз масъулини гурӯҳҳои кории шаҳру ноҳияҳои вилоят даъват шуд, ки зимни пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо зарурати риояи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим», тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зист, ҳамчунин сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ба сокинон фаҳмонида шавад.
Амалиёти «Маданияти шаҳрдорӣ» бо ҷалби сохтору идораҳои давлатӣ ва фаъолони маҳал ҷараён дошта, пеш аз ҳама тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа мебошад, ки аз талаботи асосии амалисозандаи раванди ислоҳоти милитсия маҳсуб мешавад. Ҳадафи дигари ин чорабинӣ пешгирӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқуқӣ, сохтмони ғайриқонунӣ, савдои кӯчагӣ, муноқишаҳои оилавӣ, унсурҳои бегонапарастӣ, оворагардӣ ва беназоратии наврасон мебошад.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи дарёфти роҳҳои таъсирбахши тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, таҳкими худшиносию худогоҳии насли наврас, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, аз байн бурдани зуҳуроти халалдоркунандаи тартиботу оромии ҷомеа ва тамоюли хурофотпарастию бегонапарастӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.