БАЛҶУВОН. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРӢ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР МАВЗЕИ КАЛТАЧАНОР

Имрӯз, 9 апрел, дар доираи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дар мавзеи Калтачанори ноҳияи Балҷувон дидан намуданд.

Дарозии ин қитъа 2060 метрро ташкил дода, дар 1700 метри он корҳо бо ҷалби техникаҳо ба анҷом расонда шудааст.

Вобаста ба ин Сарвазири мамлакат масъулонро вазифадор намуданд, ки барои пешгирӣ аз ҳолатҳои офати табиӣ ва саривақт ба анҷом расондани корҳои соҳилмқстаҳкамкунӣ дар ин мавзеъ тадбирҳои бетаъхир андешанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles