КӮЛОБ. ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР МАЪРАКАИ КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР ҶДММ “ПАХТАИ КӮЛОБ”

Имрӯз, 09.05.2025 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ дар маъракаи кишти пунбадона дар ҶДММ “Пахтаи Кӯлоб” иштирок намуданд.

ҶДММ “Пахтаи Кӯлоб” бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 29 декабри соли 2023, дар асоси якҷоякунии хоҷагиҳои “Хатлон”, “Сабз-Н” ва “Саид Алии Ҳамадонӣ”, дар масоҳати умумии 1894,8 гектар таъсис ёфтааст. Аз он 1824 гектар заминҳои корам мебошанд. Дар мавсими кишти соли 2024 дар майдони 1136 гектар пахта кишт шудааст. Ҳосили миёнаи он 10,6 сентнерро ташкил додааст.

Ҷамъият дар доираи корҳои омодагӣ ба мавсим беш аз 63 адад техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ харидорӣ ва ворид намуда, зиёда аз 60 километр заҳбуру заҳкаш ва каналҳоро тоза кардааст.

Ҳамзамон, то имрӯз маблағи умумии сармоягузорӣ дар хоҷагӣ беш аз 35 миллион сомонӣ буда, тамоми андозҳои давлатӣ ба маблағи 2,5 миллион сомонӣ сари вақт пардохт гардидаанд.

Дар корхонаи мазкур 845 нафар корманд бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва маоши муносиб таъмин мебошанд. Кишти саривақтии пахта дар ин замин на танҳо ба таъмини бозори дохилӣ бо ашёи хом мусоидат мекунад, балки ба рушди соҳаи бофандагии ватанӣ низ такони ҷиддӣ мебахшад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles