Имрӯз, 9 апрел, дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон корхонаи истеҳсоли сангу шағал ва бетонро, ки дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст, ифтитоҳ намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, муассиси корхона ҶДММ “Рақиб-Р” мебошад. Корхона дар масоҳати 0,40 гектар замин бунёд гардида, барои истихроҷи ашёи хом — сангу шағал — 50 гектар замин ҷудо шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 200 метри мукааб сангу шағал ва 500 метри мукааб бетонро ташкил медиҳад.
Дар корхона 20 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, барои фаъолияти босамар 9 адад техникаи хизматрасон мавҷуд мебошад. Айни замон корхона пурра омодаи истеҳсолот буда, фаъолияти худро оғоз намудааст.
Бунёди иншооти мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳои миллӣ — “Солҳои 2022–2026 — Солҳои рушди саноат” амалӣ гардида, дар татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла рушди инфрасохтор, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим хоҳад мегузорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон