Имрӯз, 9 апрел, дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон дар маросим ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №73 барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст, воқеъ дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Восеъ иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур бо маблағгузории Фонди Арабистони Саудӣ дар заминаи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ сохта шудааст. Гуфта шуд, ки муассисаи таълимии иборат аз 1 бино бо 1 блоки 2 – ошёна, 10 синфхонаи таълимӣ барои 480 хонанда дар 2 баст, иборат мебошад.
Бинои мазкур дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, лабораторияҳои фаннҳои физика ва химия, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ–коммуникатсионӣ, китобхона, маркази гармидиҳии ягонаи буғӣ, утоқи директор ва утоқи омӯзгорон буда, дар атрофи бино дарахтони ороишиву сояафкан шинонида шудааст.
Гуфта шуд, ки сохтмони муассисаи мазкур соли 2023 оғоз гардида, фармоишгари он Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи Лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» мебошад. Лоиҳаи иншоот бо тарҳи муосир аз тарафи пудратчии он ҶДММ «Сафо-АФ» бо маблағи 5,5 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Инчунин, гирду атрофи бино бо панҷараҳои замонавӣ панҷарабандӣ гардида, 70 адад дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудааст.
Сарвазири мамлакат таъкид намуданд, ки рушди соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, таъмини шароити муосир барои таълиму тарбияи насли наврас омили муҳим дар рушди инсонии устувор ба ҳисоб меравад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи нави таҳсилотӣ, сокинони деҳаи мазкур ва маҳаллаҳои гирду атроф соҳиби мактаби замонавӣ гардида, барои даҳҳо омӯзгор ва садҳо хонанда шароити беҳтарини таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон