МУЪМИНОБОД: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ НАВИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №7 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ

Имрӯз, 8 апрел, дар доираи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, намояндагони вазорату идораҳои марбута ва мақомоти маҳаллӣ муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумии №7 дар деҳаи Тутуи ноҳияи Муъминобод расман мавриди истифода қарор дода шуд.

Сохтмони мактаб дар доираи татбиқи лоиҳаи давлатии “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” аз моҳи майи соли 2022 оғоз гардида, то 31 декабри соли 2024 ба итмом расид. Лоиҳа бо маблағгузории Бонки Исломии Рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маблағи умумии 5 миллиону 541 ҳазору 592 сомонӣ амалӣ гардидааст.

Муассиса аз 2 ошёна иборат буда, барои 240 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи якуми бино 5 синфхона, утоқи кории мудири муассиса ва синфхонаҳои физика, химия, биология, компютерӣ ва синфхонаи инкишофи кӯдак ҷойгиранд. Дар ошёнаи дуюм бошад, 6 синфхона барои фанҳои математика, забони модарӣ, забони русӣ ва дигар фанҳо, инчунин утоқи муаллимон бунёд гардидааст.

Масоҳати умумии бино 950 метри мураббаъ буда, бо ҳавлӣ ва зерсохторҳои зарурӣ, аз ҷумла, анборхона барои ангишт, буғхона, майдончаҳои варзишӣ ва роҳравҳои бетонӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Сарвазири мамлакат зимни боздид аз иншоот таъкид намуданд, ки рушди соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, таъмини шароити муосир барои таълиму тарбияи насли наврас омили муҳим дар рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи нав сокинони деҳаи Туту ва маҳаллаҳои гирду атроф соҳиби мактаби замонавӣ гардида, барои даҳҳо нафар омӯзгор ва садҳо хонанда шароити беҳтарини таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles