Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ, шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.
Сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати меҳмонон аз шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхонаи замонавии панҷситорадор дар маркази ноҳияи Данғара оғоз гардид.
Зимни муарифии лоиҳаи ангоравии иншоот иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхона дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия сохта шуда, он аз 9 ошёна иборат мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои меҳмонхонаи панҷситорадор аз соли 2019 шуруъ гардида, барои 624 нафар тарҳрезӣ шудааст. Аз ҷумла: ҳуҷраи хоби як нафара 64 адад, ҳуҷраи хоби ду нафара 176 адад, ҳуҷраи хоби VIP 104 ададро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии иншоот 19834 м2 буда, тибқи нақша соли 2026 ба истифода дода мешавад.
Фармоишгари иншоот “Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶСК “СТС Иншоот” рафта истодааст. Лоиҳаи иншоот аз тарафи ҶСК “ПИЛҶ САНИИОСП” тарҳрезӣ гардида, мутобиқ ба стандартҳои сатҳи байналмиллалӣ омода мешавад. Айни ҳол дар иншоот корҳои сохтмонӣ идома дошта, зиёда аз 50 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъминанд.
Дар идомаи сафари корӣ ҳайати меҳмонон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва лоиҳаи меҳмонхонаи замонавӣ дар маркази ноҳия шинос гардиданд. Меҳмонхона аз ду бинои 16 ва 15 ошёна иборат буда, дорои 258 ҳуҷра мебошад. Иншооти мазкур бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи нақша чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қомат афрохта, ҳоло корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад. Дар корҳои сохтмонӣ ашёи хоми ватанӣ истифода гардида, дар назди иншоот таҷҳизоти коркарди сангу бетонӣ ташкил гардидааст, ки барои тезонидан ва хушсифат анҷом додани кор мусоидат менамояд.
Зимни шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонӣ дар Театри миллии ноҳияи Данғара иттилоъ дода шуд, ки иншоот тибқи лоиҳа аз 4 толори калон ва толору ҳуҷраҳои сершумори дигар иборат хоҳад буд, ки дар умум дорои 1 ҳазору 700 ҷойи нишаст бояд шавад.
Толори асосӣ дар ошёнаи якуми бино ҷойгир шуда, бо 1 ҳазору 100 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи дуюм ду ва дар ошёнаи сеюм бошад, як толори дигари намоишӣ сохта хоҳад шуд.
Дар корҳои сохтмонии бинои театр беш аз 150 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардида, бо истифода аз имконият баҳри босифат ва саривақт супоридани иншоот талош доранд.
Дар ҳаминҷо ҳайати меҳмонон аз ҷараёни сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 3000 хонанда дар ду баст шинос гардиданд.
Муассисаи таълимӣ, ки иборат аз чор ошёна мебошад, бо саҳми соҳибкорони ватандӯсту ободгари ноҳияи Данғара бунёд гардида истодааст. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи сеюми иншоот идома дошта, дар ин ҷо 120 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маоши хуб таъминанд.
Дар ҳамин рӯз гурӯҳи корӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар маркази саломатӣ воқеъ дар деҳаи Раҳмониёни ҷамоати деҳоти Корез шинос гардиданд. Тибқи иттилоъ иншоот бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ қомат афрохта, аз 3 ошёна, даҳ кати муолиҷа ва дигар утоқҳои хизматрасонии тиббӣ иборат хоҳад буд, ки барои сокинони маҳаллӣ имконияти мусоиди ташхису табобат фароҳам оварда мешавад.
Бунёди чунин иншоот бо саҳми соҳибкорон дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара низ идома дорад. Дар назди марказҳои саломатӣ ҳамзамон аз ҳисоби соҳибкорон сохтмони муассисаҳои томактабӣ идома дошта, дар назар аст баъди ифтитоҳ дар як вақт то 300 кӯдак дар ҳар муассиса ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.
Дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корези ноҳияи Данғара меҳмонон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ шинос гардиданд
Иқдоми бунёди бинои нави соҳаи маориф, ки барои 2160 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони ноҳия ва аҳолии деҳоти мазкур рӯйи даст гирифта шудааст.
Зимни муаррифии лоиҳа, иттиллоъ дода шуд, ки иншоот аз 2 ошёна, 36 синфхонаи таълимӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд.
Баъди шиносоӣ Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон ба бинокорону дигар масъулон барои дар муҳлати муайян ва бо сатҳу сифати баланд анҷом додани корҳои бунёдӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Сафари кории гурӯҳи корӣ дар шаҳру ноҳияҳои дигари минтақаи Кӯлоб идома дорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон