ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИНТИХОБОТ ПИРӮЗ ШУД

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натиҷаи ибтидоии интихоботи парлумониро, ки 2 март баргузор гардид, эълон намуд.
Натиҷаи интихоботи порлумонӣ аз рӯйхати ҳизбӣ:
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 12 курсӣ,
Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 5 курсӣ,
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 3 курсӣ,
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон – 0 курсӣ,
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – 1 курсӣ,
Ҳизби демократии Тоҷикистон – 1 курсӣ.
Ба гуфтаи раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода, дар интихоботи порлумонӣ 85,3%-и аҳолии қобили раъйи Тоҷикистон ширкат карда, овоз додаанд.

Related Articles