Имрӯз, 25 январ, дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар назди бинои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон баргузор гардид, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд.
Ин тадбир бо мақсади ороиш додани муҳити атроф ва ташвиқ намудани аҳолӣ ба нигоҳубини табиат ва сарфаи захираҳои табиӣ сурат гирифт.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар ҷараёни ниҳолшинонӣ изҳор намуданд, ки шинондани ниҳолҳо на танҳо ба ҳифзи муҳити зист, балки ба фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати истироҳати аҳолӣ мусоидат мекунад.
Дар ин маъракаи нишолшинонӣ кормандони Раёсат, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар, мактабҳои варзишии вилоятӣ, варзишгарон ва волонтёрон иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз моҳи январ то моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ эълон гардида, дар ин давра ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе дар нуқтаҳои махсуси шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиш-фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мева баргузор мегардад.
Имсол дар вилояти Хатлон 500 ҳазор бех дарахтони гуногун шинонида мешаванд. То имрӯз беш аз 259 ҳазору 800 бех дарахт шинонида шудааст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон