ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР

Имрӯз, 25 январ, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.

Дар қабули сайёр 17 нафар шаҳрвандон оид ба сохтмони мактаб, мушкилоти роҳу нақлиёт, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кандани заҳбуру заҳкашҳо, чароғонкунӣ, таъмин намудани аробачаи маъюбӣ, кӯмак ба оилаҳое, ки фарзандони маъюб доранд, роҳҳои обпартои назди биноҳои баландошёна, таъмин намудан ба манзили истиқоматӣ, ҳуҷҷатгузорӣ намудани манзилҳои истиқоматӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ, норасоии оби нӯшокӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди корхонаи коркарди зарфҳои пластикӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди корхонаи саноатӣ, сохтани дарвозаи даромадгоҳи шаҳр дархости мусоидати раиси вилоятро намуданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин, ба ниёзмандон кӯмаки пулӣ ва ба модаре, ки фарзанди маълул дошт, аробача аз ҷониби раиси вилоят тақдим гардид.

Раиси вилоят таъкид намуданд, ки ҳалли мушкилоти мардум яке аз вазифаҳои авлавиятноки мақомоти маҳаллӣ мебошад ва дар ин замина тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода мешаванд. Ӯ инчунин қайд кард, ки масъалаҳое, ки ба вақти бештар ё ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ниёз доранд, зери назорати шахсӣ гирифта хоҳанд шуд.

Сокинон аз ин иқдоми раиси вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки чунин қабули шаҳрвандон имконият медиҳад, ки масъалаҳои онҳо мустақиман ба роҳбарияти вилоят расонида шаванд ва дар ҳалли онҳо суръат бахшида шавад.

Дар ҷамъбасти қабул, раиси вилоят таъкид намуданд, ки ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии муассир байни мақомоти маҳаллӣ ва сокинон омили муҳими рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр мебошад. Бо итминон изҳор гардид, ки масъалаҳои пешниҳодшуда таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифта, барои ҳалли онҳо кӯшишҳои ҳамаҷониба ба роҳ монда мешаванд.

Инчунин, раиси вилоят бо фаъолон суҳбат намуда, оид ба вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва варзишӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ карданд ва ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles