Имрӯз, 23 январ, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 52-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дорои 4 адад синфхона мебошад ва барои 100 нафар хонандагон дар як баст пешбинӣ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки бино аз тарафи аъзоёни Кумитаи маҳаллаи «Ваҳдат» тариқи ҳашари дастаҷамъона сохта шудааст. Дар муассисаи мазкур 600 нафар хонанда, дар 12 синфхона ва 2 гурӯҳ маркази инкишофи кӯдак барои 57 нафар ба таълим ва тарбия фаро гирифта шуда, ба онҳо 32 нафар омӯзгор дарс мегӯянд.
Бинои муассисаҳои мазкур аз синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ иборат мебошад.
Пас аз шиносоӣ бо шароити таълим дар мактаби нав раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таваҷҷӯҳи омӯзгоронро ба сатҳу сифати таълим ҷалб намуданд.
Раиси вилоят бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, онҳоро муваззаф намуданд, ки бо хониши хубу фаъолияти назаррас саҳми худро дар ободии диёр гузоранд.
Зимни суҳбат бо омӯзгорон таъкид шуд, ки рисолати аслии омӯзгор дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас ба шумор меравад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон