ХАТЛОН: 750 МИЛЛИОН ДАРАХТ ШИНОНИДА МЕШАВАД

То соли 2040 дар доираи барномаи давлатии кабудизоркунии мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 750 миллион дарахт шинонида мешавад.

Тавре зимни суҳбат сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Қурбоналӣ Собирзода иброз кард, дар доираи барномаи болозикр дар тамоми ҷумҳурӣ бояд 2 миллиард дарахти гуногун шинонида шавад. Аз ин миқдор марҳила ба марҳила 750 миллиони он дар вилояти Хатлон шинонида хоҳад шуд.

Номбурда гуфт, ки соли равон дар вилояти Хатлон шинонидани 500 ҳазор бех дарахтони гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз беш аз 259 ҳазору 800 дарахт шинонида шудааст.

-Нақшаи дурнамои ниҳолшинонӣ дар сатҳи вилоят аз оғози мавсим беш аз 52 фоиз иҷро гардида, марҳила ба марҳила 100 фисад иҷро хоҳад шуд, – гуфт Қ. Собирзода.

“САФО”

Related Articles