РАИСИ ВИЛОЯТ АЪЗОИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУДАНД

Имрӯз, 18 декабр, дар Кохи Борбад таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки 1473 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардид.

Пас аз тасдиқи реҷаи корӣ ва рӯзномаи анҷуман як қатор масъалаҳо вобаста ба фаъолияти он дар панҷ соли охир ва барномаю нақшаҳои корӣ барои панҷ соли оянда, аз ҷумла омодагӣ ба интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ баррасӣ шуд.

Дар анҷуман ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва дигар мақомоти сохторҳои ҳизбӣ тасдиқ гардиданд.

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ба ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб шомил шуда, аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles