ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ БОЗИИ ФУТБОЛ ДАР МАҲАЛЛАИ ХАТЛОНИ ШАҲРИ БОХТАР

Имрӯз, 14 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод майдончаи варзишии футболро дар маҳаллаи “Хатлон” ифтитоҳ намуданд.

Майдончаи мазкур дар арафаи Соли нави мелодӣ ва идомаи тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сохта мавриди истифода қарор дода шуд.

Тибқи иттилоъ, майдонча дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидоятҳои созандаи раиси вилояти Хатлон бунёд шудааст.

Инчунин, дар паҳлуи майдончаи мазкур боғчаи хурди кӯдакона сохта шуда, арғунчаку лавозимот барои бозии кӯдакон насб гардидааст, ки минбаъд кӯдакони маҳалла метавонанд дар ин майдонча машғули бозию фароғат шаванд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо сокинони маҳалла суҳбати озод намуда, онҳоро вазифадор намуданд, ки барои ободу зебо нигоҳ доштани иншооти мазкур диққати ҷиддӣ бидиҳанд.

Таъкид гардид, ки шумораи ҳарчи бештари ҷавонон, аз ҷумла духтарони варзишгар ба машқу тамрин ҷалб карда шаванд. Зеро иншооти мазкур на танҳо барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, балки омодасозии чемпионҳои ояндаи вилояту мамлакат аз якчанд намуди варзиш шароити муносибу созгор дорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles