МУАРРИФИИ ЛОИҲАИ “МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИИ ФУТБОЛ БАРОИ КАЛОНСОЛОНУ НАВРАСОН ВА МАҶМААИ ТЕННИС” ДАР ШАҲРИ БОХТАР

Имрӯз, 14 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар бо лоиҳаи “Майдончаи варзишии футбол барои калонсолону наврасон ва маҷмааи теннис” шинос шуданд.

Бояд қайд кард, ки майдончаи варзишии футбол аз 452,42 метри мураббаъ иборат буда, бо тарзу услуби замонавӣ сохта мешавад.

Маҷмааи теннис бошад, аз 452,42 метри мураббаъ иборат буда, бо сифати баланд сохта хоҳад шуд. Ҳамчунин, дар шафати ин ду майдончаи варзишӣ бунёди майдон барои бозиҳои кӯдакон дар масоҳати 801,25 метри мураббаъ дар назар аст.

Иншооти варзишӣ дар масоҳати умумии 2268,0 метри мураббаъ, воқеъ дар кӯчаи ба номи Н. Ҳувайдуллоеви шаҳри Бохтар сохта мешавад.

Раиси вилоят масъулонро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи санъати баланди меъморӣ, истифодаи масолеҳи хушсифати сохтмонӣ ва дигар корҳои ободонӣ ҳидоят карданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles