ХАТЛОН: ТАЪИНОТИ КАДРӢ

Имрӯз, 10 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо кадри ба вазифаи роҳбарӣ дар Сарраёсати кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъингардида суҳбат намуданд.

Бо қарори раиси вилояти Хатлон Ҳасанзода Баҳодур Ҳасан ба вазифаи сардори Сарраёсати кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъин гардиданд.

Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат кадри навтаъинро ба масъалаҳои ҳалталабе, ки дар соҳаи кишоварзӣ дар вилоят ба назар мерасанд, ҷалб намуда, барои бартараф намудани онҳо ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандӯстӣ ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Зикр гардид, ки зимни иҷрои вазифаи хизматӣ поквиҷдонона ва бо садоқат ба Ватан муносибат намуда, баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат кӯшиш намоянд ва манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо боло гузоранд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles