ФАРХОР: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 67

27 ноябр, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров зимни сафари корӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи таълимӣ дорои шароиту имконияти муосири илмомӯзӣ мебошад. Дар муассисаи навбунёд барои ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон синфхонаҳои таълимӣ ва дигар шароити хуби таълимӣ муҳайё гардидааст.

Бо мақсади дар фасли зимистон бо гармӣ пурра таъмин намудани синфхонаҳо ва утоқҳои кории муассисаи таълимӣ он бо хати гармидиҳии мутамаркази шаҳрӣ, инчунин системаи мустақили гармидиҳии муассиса ба се адад дегхона пайваст мебошад.

Барои сабзу хуррам гардондани атрофи бинои нави муассисаи таълимӣ дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ҳамчун соҳаи пешбарандаи ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд ва бунёду навсозии муассисаҳои таълимии муосир низ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошад, ки барои таъмини пешрафти соҳаи маориф дар вилояти Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат амалӣ карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles