27 ноябр, дар идомаи сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров дар ҷамоати деҳоти Хуросони ноҳияи Фархор шуъбаи таваллуди Беморхонаи рақами 3-ро мавриди истифода қарор доданд.
Дар ноҳияи Фархор дар қатори дигар бахшҳои афзалиятнок ҳамзамон ба рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳсозии сифати хизматрасонӣ дар он тавваҷуҳ асосӣ зоҳир карда мешавад.
Бунёд ва мавриди истифота қарор додани бинои шуъбаи таваллуди Беморхонаи рақами 3 мушкилоти сокинони ҷамоати деҳоти Хуросони ноҳияи Фархорро бартараф сохт ва минбаъд аҳолӣ аз чунин шароити мусоид истифода хоҳад кард.
Бинои навсохти шуъбаи таваллуд дуошона буда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Тоҷиддин Муҳиддинов бо сифати баланд сохта шудааст.
Бинои шуъбаи таваллуд панҷ кати хоб ва дигар ҳуҷраҳои замонавии корӣ дошта, 7 нафар дар он ба кор таъмин шудаанд.
Таъкид гардид, ки кормандон аз чунин шароити мусоид бояд сифати хизматрасонии тибиро барои аҳолӣ беҳтар ба роҳ монанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон