КӮЛОБ: ИФТИТОҲИ ФИЛИАЛИ БОНКИ «САНОАТСОДИРОТБОНК»

Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои филиали бонки “Саноатсодиротбонк” дар шаҳри Кӯлоб мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави филиали бонки “Саноатсодиротбонк” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷйгир буда, фармоишгар бонки “Саноатсодиротбонк” мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур дуошёна буда, айни замон 17 нафар мутахассисони ботаҷриба ба мардум хизмат мерасонанд.

Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулон ва дигар кормандони филиали бонкро ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон вазифадор карданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles