Имрӯз, 18 ноябр, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинон, роҳбари дастгоҳ, раиси шаҳри Бохтар ва бархе роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ иштирок доштанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафари охири корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамъоварӣ ва чиниши пахта, иттилоот, ташвиқу тарғиби дастоварҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, дурнамои кишти картошка, хизматрасонии соҳаи об, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ, саноат, андозсупорӣ, вусъати корҳои идеологӣ, омодагӣ ба фасли зимистон, дастгирии соҳибкорон, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ суханронӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид шуд, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани вилоят ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода карда, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ таъмин карда шавад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон