Ҳамдиёрони азиз!
Дар саҳифаҳои дурахшони таърихи давлатдории миллӣ санаи 16-уми ноябр чун санаи муборак, таърихиву тақдирсоз ва оғози марҳилаи нави давлатсозиву давлатдорӣ шинохта шуда, эҳтирому самимияти мардумро нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифода менамояд.
Дар даврони нобасомон Иҷлосияи XV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пайки наҷот ба кори худ шуруъ намуда, дар ҳамин рӯз соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карданд.
Ба таври дигар, ин сана барои миллати тоҷик рӯзи эҳёи дубора ба шумор рафта, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои зарҳалин сабт гардидааст.
Баргардонидани гурезаҳои иҷбории Тоҷикистон ба Ватан, таъмини сулҳу салоҳ ва оромӣ дар кишвар, таҳрезии падидаҳои сиёсию ташаккули низоми ҳуқуқӣ, ташкили қӯшуну мақомоти муосири ҳифзи ҳуқуқ, устувории сарҳаду амнияти давлат, бунёди роҳҳои пайвандгари минтақаҳои кишвар, дастгирии илму фарҳанги миллӣ, таъмини истиқлоли озуқаворӣ ва баромадан аз сарбастагии коммуникатсионӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои азими барқӣ, қабули қонунҳои миллии марбут ба манфиати давлату миллат аз корнамоиҳои шоистаи таърихию сиёсист, ки дар саргаҳи тарҳрезӣ ва таъмину иҷрои он Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи устувор доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ, сиёсати дурбинона ва талошҳои хастанопазир тавонистанд миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки меъмори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, аз ҷониби созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодир ва омӯзанда эътироф гашта, обрӯву эътибори миллати моро ҳамчун миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун дар арсаи байналмиллалӣ афзун гардонидааст.
Аз фаъолияти густурда ва мондагори Президенти мамлакат дар солҳои душвори парокандагии давлату миллати тоҷик мо хуб дар ёд дорем, ки ҷиҳати ташкили аркони давлатдорӣ ба Пешвои муаззами мо монеаҳои зиёде пеш омаданд, аммо рӯҳи шикастнопазирашон хастагиро напазируфт, иқдомҳои ташаббускоронаи ватансозиашон тафаккури миллиро дар шуури ҷомеа бедор карданд, ки ин бедорӣ моро ба шоҳроҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳидоят намудааст.
Воқеан, сарвари давлат хуб дарк мекарданд, ки бунёди қасрҳову иншоотҳои стратегӣ ва нақбҳову роҳҳо бе устувории тафаккури миллӣ бақо надоранд. Аз ин рӯ, рисолати таърихиашонро дар назди ватану миллат ба ҷо оварда, бо мақсади бунёди давлати ҳуқуқасосу дунявӣ бо итминону боварӣ дар арсаи сиёсат қадам гузоштанд.
Боиси тазаккур аст, ки яке аз қадамҳои устувори умедбахш дар роҳи давлатдории миллӣ роҳандозӣ намудани шакли идоракунии Президентӣ мебошад, ки бо амалӣ сохтани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳод замина гузошта шуд. Таъсиси ин ниҳоди боэътимод дар кишвар марҳилаи нави рушди давлатдории миллиро таъмин намуда, ба он замина гузошта шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ на танҳо асосу бунёди ба вуҷуд омадани дастгоҳи муназзаму мураттаби давлатӣ гузошта шуд, балки заминаҳои фаъолияти созандаи онҳо низ рӯи кор омада, кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд гузошта шуд.
Бо ташаббус ва заҳматҳои шоистаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои давлатӣ Конститутсия, Нишон, Парчам қабул гардида, дар ин баробар эҳтиром ба забон, фарҳанг ва пули миллӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбари соҳибхиради тоҷик қарор дода шуд ва боифтихор номинаҳои фарҳангу тамаддуни оламгири тоҷик ба феҳристи фарҳанги ғайримоддии башар ворид гардид.
Бешубҳа сарвареро, ки бунёдкорӣ, илму фарҳанг ва забони оламгири ниёгонашро маҳаки асосии пешбурди сиёсати давлатдорӣ мешуморад, ба эҳтирому эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ мушарраф мегардад. Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ дар минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид на танҳо манфиати Тоҷикистон, балки манфиати сокинони сайёраро вобаста ба таъмини суботи сиёсии минтақа ва ҷаҳон дар баррасиву муҳокимаҳои мавзуъҳои дорои хусусияти глобалӣ ҳимоят менамоянд.
Собит ба ин қабул гардидани пешниҳоди панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаи байналмиллалии амал -“Об барои рушди устувор 2018-2028” мебошад, ки ташаббуси наҷоти инсоният оид ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об аст.
Ҳамватанони арҷманд!
Бо гузашти 33-соли даврони соҳибистиқлолии кишвар метавон ҳамаҷониба тасдиқ кард, ки ташаккули давлати мустақили тоҷикон дар поёни ҳазорсолаи гузаштаву оғози ҳазорсолаи нав бо номи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти гуногунпаҳлуи ин симои нотакрори саҳнаи сиёсат робитаи мустаҳкам дорад. Президенти маҳбуби мо дар лаҳзаҳои тақдирсоз қудратро на танҳо барои қудрат, балки барои хушбахтии миллати азизаш пазируфтанд.
Мактаби давлатдорие, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфт, анъанаҳои неки гузаштагон, амалияи имрӯзи давлатдорӣ ва идоракуниро дар шароити имрӯз ба ҳам овардааст.
Низоми махсуси ғояҳо ва арзишҳо, шакли муносиби муошират ва муносибат, ташаккули элитаи сиёсии миллӣ, шаклгирии фарҳанги сиёсии миллӣ, дар маҷмуъ инъикоскунандаи шакли идоракунии нав дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд, ки ҷанбаҳои усулии ин мактаби бузурги сиёсиро ташкил медиҳанд. Яъне, мактаби давлатдории Пешвои миллат мактаби бузурги сиёсӣ аст.
Воқеан миллате, ки таърих ва бузургони гузаштаи худро қадр мекунад, саодатманд аст, вале бузургтару саодатмандтар миллатест, ки ба қадри бузургон ва қаҳрамонони зиндаи худ мерасад.
Илми таърих ва таҷрибаи давлатҳои мутамаддин низ собит менамоянд, ки давлатҳои гузаштаю имрӯза хизматҳои содиқона, созанда ва тақдирсози чунин фарзандони қаҳрамони худро мадди назар гирифта, бо мақсади нигоҳ доштани меросияти таърихӣ симо ва шахсияти онҳоро ҳамчун қаҳрамон, Пешво ва Падари миллат эътироф кардаанд.
Аз ин нуқтаи назар, эътирофи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Бунёдгузори давлати муосири тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мувофиқ ба анъанаи давлатдории муосир буда, барои насли имрӯз сабақи муҳими ватандорӣ аст.
Бо итминон гуфта метавонем, ки миллати тоҷик дар симои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳе дорад, ки ояндаашро бо чароғи садоқату муҳаббат ба ватан ва давлату миллат равшан мекунад.
Сокинони вилояти Хатлон боифтихор тамоми дастовардҳоеро, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар иртибот ба пешрафт ва рушду нумуи вилоят ба даст овардаем, ба натиҷаи заҳматҳои шаборӯзӣ ва маҳсули андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мансуб медонанд.
Мо ифтихор мекунем, ки соли равон Пешвои муҳтарами миллат бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагӣ ва фаъолияти сокинони вилоят ба вилояти Хатлон ташриф оварда, дар ифтитоҳи якчанд иншооти таъиноти гуногун ширкат намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар самти амалӣ намудани иқдомҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят сохтмони 6260 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, 3540 адади он (60%) ба истифода дода шудааст.
Танҳо дар доираи сафари кории Пешвои муаззами миллат дар моҳи ноябр зиёда аз 60 иншооти гуногун, аз ҷумла корхонаҳои азими саноатӣ, хизматрасонӣ, муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, зиёда аз 700 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд.
Вобаста ба ин, мо вазифадорем, ки ба хотири беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон рушди иқтисодию иҷтимоии вилоятро таҳким бахшида, аҳлона заҳмат кашем ва Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем.
Бо арзи эҳтироми бепоён бори дигар санаи бузурги таърихӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии баргузории Иҷлосияи XV1-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тамоми мардуми шарифи вилоят самимона табрику таҳният гуфта, дар амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шумо комёбиҳо таманно менамоям.
Мо бо Президенти худ ҳамеша ифтихор мекунем.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!