Ҳамдиёрони азиз!
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад.
Бо ифтихори бузург ва самимияти бепоён мардуми шарифи тоҷик, хосатан сокинони сарбаланди вилояти Хатлонро ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба мардуми шарафманди тоҷик иқболи нек ва зиндагии босаодат таманно менамоям.
30 сол муқаддам – 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳифаи наве оғоз ёфт, ки он дар ҳаёти минбаъдаи мардуми тоҷик ва рушди давлатдории навини миллии мо нақши муассиру сарнавиштсоз гузошт.
Аз таърихи начандон дури раванди таҳия ва қабули Конститутсия муайян мегардад, ки ҳанӯз 23 августи соли 1990 Шӯрои Олии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» қарор қабул намуда буд, аммо ба комиссияи мазкур муяссар нашуд, ки дар ин замина кори назаррасеро анҷом диҳад.
Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва эълони истиқлоли давлатии собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ, қабули Конститутсия ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯз табдил ёфт. Зеро бе Конститутсияи нав, ки муайянкунандаи роҳи рушду такомули минбаъдаи ҷомеа мебошад, комёб шудан ба ин мақсад ғайриимкон буд.
Бо дарназардошти ин воқеият ҳанӯз дар ибтидои соли 1992 аз ҷумлаи аъзои Комиссияи таҷдидёфтаи конститутсионӣ, гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия таъсис ёфта буд. Гурӯҳи корӣ лоиҳаро таҳия намуд, аммо оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар имкон надод, ки лоиҳаи таҳияшударо мардуми Тоҷикистон муҳокима ва қабул кунанд.
Бо барқарор шудани сохти конститутсионӣ дар кишвар масъалаи таҳия ва қабули Конститутсия дубора мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иқдоми ҷиддии навбатӣ дар роҳи таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Иҷлосияи ҳабдаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1993 «Дар бораи комиссия оид ба тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки тибқи он ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт.
Бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, дар саргаҳи ибтикороти давлатсозии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт, ки бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифта, дар он таҷрибаву андӯхтаҳои тамаддуни башарӣ дар робита ба озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассуми равшан пайдо намуд ва ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд.
Гузашти солҳо собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик ҷиҳати бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар Конститутсияи давлати соҳибихтиёри тоҷикон дарҷ шудааст, ягона роҳи дуруст ва таҷассумкунандаи манфиатҳои миллӣ, таконбахши рушди бонизоми давлат ва таъминсозандаи зиндагии орому босуботи ҷомеа мебошад. Зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои ҳуқуқии санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таҳия ва қабул карда шудааст.
Таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсия ба баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иртиботи қавӣ дорад. Дар ин иҷлосия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи амалкунандаи вақт ва дигар қонунҳои ҷумҳуриро мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор дода, таъкид намуданд, ки яке аз омилҳои асосии устувории иҷтимоиву сиёсии ҷомеа Қонуни асосӣ ва қонунҳоеанд, ки ба талаботи шароити замона ҷавобгӯ бошанд.
Конститутсия ҳамчун қонуни олии давлат, муайянкунандаи мазмун ва муҳтавои ҳамаи қонунҳои амалкунандаи он мебошад, такягоҳи мустаҳками қудрати сиёсӣ ва кафолатдиҳандаи ҳадду ҳудуди салоҳияти мақомоти давлатӣ аст. Гузашта аз ин, Конститутсия оромию суботи ҷомеа, ваҳдати сиёсӣ ва назму низомро дар ҳудуди давлат, барқарории адолат ва кафолати амниятро таъмин мекунад.
Маҳз ба ҳамин маънӣ Конститутсияи Тоҷикистон вазифаи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоиро ҳамчун мароми халқи Тоҷикистон муқаррар намудаст.
Ба андешаи Пешвои миллат: “Мардум ба хотири амният ва осоишу оромӣ, давлат ташкил мекунад ва табиист, ки давлат сиёсатеро дастгирӣ менамояд, ки барои таъмини зиндагии шоиста шароит муҳайё намояд”.
Дар ҳамин зимн, бо ишора ба анҷом ёфтани як давраи муҳимтарин дар татбиқи ислоҳоти сиёсӣ ва аввалин маротиба қабул шудани санади ҳуқуқие, ки манфиати тамоми халқҳои сокини Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду санаи таърихиву сарнавиштсози миллатро мавриди муқоиса қарор дода, изҳор доштанд: “Аз нигоҳи таърих агар 16 ноябри соли 1992 ва сесияи 16-уми Шурои Олӣ ҳамчун ибтидои барқароркунии давлати қонунӣ ва сохти конститутсионӣ дар таърихи Ватанамон ҷойи сазовори худро соҳиб шуда бошад, пас 6-ноябри соли 1994 дар таърихи навтарин ҳамчун рузи қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ва зуҳуроти ягонагии миллату давлатамон абадӣ боқӣ хоҳад монд. Ҷиҳати асосӣ ва муҳими ин Конститутсия дар он аст, ки ин санадро як гуруҳи одамон не, балки тамоми мардуми мамлакат маъқул дониста, ба тарафдории он овоз додаанд, ки ин бузургтарин муваффақияти мост”.
Ба ҳамин тартиб, баъди қабули Конститутсия дар таърихи навини кишварамон марҳилаи нав оғоз ёфт ва барои беҳтар намудани дараҷаи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон ва давом додани ислоҳоти иқтисодӣ шароити мусоид фароҳам омад.
Ҳамватанони арҷманд!
Дар Конститутсия дарҷ гардидани принсипҳои демократӣ ба мо имкон дод, ки худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мардуми дорои таърих ва забону фарҳанги бостонӣ ва соҳиби анъанаҳои деринаи давлатдорӣ муаррифӣ намоем.
Дастгирӣ ёфтани пешниҳодҳои сатҳи баланди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба об аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид собит ба он аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар баробари рушди давлатдории миллӣ ба ҳимояи манфиатҳои давлатҳои ҷаҳон низ ташаббускор аст. Ин иқдомҳои наҷибу созанда мавқеъ ва обруи кишвари моро дар арсаи ҷаҳон баланд намудааст, ки маҳсули андешаҳои комил ва саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Раванди бесобиқаи рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол тақозо менамуданд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуда, ба талаботи замони муосир мувофиқ гардонида шавад.
Вобаста ба ин, аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо пешниҳодҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ташаббус зоҳир намуда, шаҳрвандони кишвар соли 1999, соли 2003 ва соли 2016 ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳои нав ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон райъ доданд, ки барои пойдору устувор гардонидани оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва аз сарбастагии коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар, таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлол, мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ шароити мусоид фароҳам намуд.
Дар натиҷаи тағйиру иловаҳои солҳои 2003 ва 2016 инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардида, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф ва ҳизбҳои сиёсӣ чун унсури низоми сиёсӣ шинохта шуданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҳуқуқу озодиҳои инсонро, ки аз эъломияи ҳуқуқи башар бармеояд, эътироф кард, балки дар боби алоҳида кафолати ҳимояи онҳоро таъмин намуд.
Конститутсия забони тоҷикиро забони давлатӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон кард. Вобаста ба ин, донистани забон, омӯхтани таърих ва эҳтиром гузоштан ва риояи меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз вазифаи ҳар як шаҳрванди комилҳуқуқи кишвар аст. Зеро Конститутсия пояҳои давлати моро устувор нигоҳ медорад ва роҳи моро ба сӯи ҷомеаи пешрафта, давлати рӯ ба рушд ва зиндагии ободу озод ҳамвор менамояд.
Хусусан, шароити пуртаззоди ҷаҳонишавӣ ва вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, ки метавонад истиқлоли миллӣ ва амнияту ҷомеаи моро халалдор созад, тақозо менамояд, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, истиқлолу озодии кишвару миллатро ҳифз намоем, волоияти Конститутсия ва қонунҳои давлати худро таъмин кунем, саъю талоши худро ба хотири боз ҳам устувору мустаҳкам гардонидани сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ равона сохта, Ватанамонро обод ва давлатамонро неруманду пешрафта гардонем.
Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад.
Дар хусуси ҷойгоҳ ва мақоми Конститутсия дар пешрафту ободии Ватан, таъмини саодати мардум зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад”.
Дар идомаи ин андешаҳои баланд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори 30-солагии Конститутсия ҳамчун санаи муҳими таърихӣ соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Ҳадафи асосии эълон намудани соли 2024 – “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ин баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, муносибати эҳтиромона ба ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон ва эътиқоди динӣ, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон иборат мебошад.
Имрӯз сокинони кишвари мо ифтихор доранд, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошанд ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунанд.
Хотиррасон бояд кард, ки Конститутсия ба сифати бахтномаи миллат аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки омӯхтану эҳтироми онро ба фарзандони худ, яъне наслҳои ояндасоз аз хурдсолӣ талқин намоем.
Вилояти Хатлон низ дар солҳои истиқлоли давлатӣ дар доираи фаъолияти меъёрҳои конститутсионӣ аз пешрафт ва таҳаввулоте, ки дар кишвар ба вуқуъ пайвастанд, дар канор набуда, дар фазои орому осудаи ватан бо саъю талоши сокинони шарафмандаш дар рушди тамоми саҳоҳои иқтисодию иҷтимоӣ муваффақ гардида истодааст. Шароити мусоиди сифатан беҳтар гардидани рушди устувори иқтисодии кишвар ба он мусоидат намуд, ки дар вилоят ҳазорҳо корхонаҳои саноатӣ ва иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шуда, ба сокинони вилоят садҳо ҷойҳои нави корӣ таъмин гардад.
Имрӯз вилояти Хатлон дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини тамоми бозорҳои истеъмолии мамлакат нақши муҳим дошта, 65 фоизи маҳсулоти кишоварзии мамлакат дар миқёси вилоят истеҳсол мегардад, ки ин масъулияти хеле бузург аст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди босуръати кишвар пайваста чораҷӯӣ карда истодааст.
Итминони комил дорам, ки минбаъд низ аҳли заҳмати вилояти Хатлон ба шарофати афкору андешаи солиму созанда, хештаншиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ ҳувияту ҳастии худро ҳифз карда, дар ҷомеаи башарӣ ҳамчун халқи фарҳангиву тамаддунсоз ва сулҳпарвару озодихоҳ мақоми хос доштани худро ҳифз хоҳанд кард.
Бори дигар, сокинони шарафманди вилояти Хатлонро ба ифтихори ҷашни муқаддасу таърихӣ – 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол самимона шодбош гуфта, ба хонадони мардуми шарафманду соҳибсаодати вилоят файзу осоиш, тандурустиву иқболи нек ва ба Ватани маҳбубамон суботи ҷовидонаву пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.
Саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!