Имрӯз, 4 ноябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши мутантани вилоятӣ ва роҳпаймоии идона баргузор гардид.
Дар роҳпаймоии осоишта кормандони ташкилоту муассисаҳо, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳу коллеҷҳо, ҷавонон ва варзишгарон, инчунин, низомиён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, дар маҷмуъ наздики 20000 ҳазор нафар, фаъолона иштирок карда, эҳтироми Конститутсияро ҳамчун саодатномаи миллат, нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварданд.
Иштирокдорони роҳпаймоии идона бо шиору парчамҳо ва амсилаи Конститутсия бо ифтихори бузург ва самимияти бепоён ҳамдигарро ба муносибати 30-солагии қабули “Бахтномаи миллат” муборакбод мегуфтанд.
Сипас, дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардида, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ раиси вилояти Хатлон сокинонро ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба сокинони шарафманди вилоят иқболи нек ва зиндагии босаодат таманно намуданд.
– Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад. 30 сол муқаддам – 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳифаи наве оғоз ёфт, ки он дар ҳаёти минбаъдаи мардуми тоҷик ва рушди давлатдории навини миллии мо нақши муассиру сарнавиштсоз гузошт, – афзуд раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ.
Зикр гардид, ки бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, дар саргаҳи ибтикороти давлатсозии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт, ки бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифта, дар он таҷрибаву андӯхтаҳои тамаддуни башарӣ дар робита ба озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассуми равшан пайдо намуд ва ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз доштанд, ки дастгирӣ ёфтани пешниҳодҳои сатҳи баланди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба об аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид собит ба он аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар баробари рушди давлатдории миллӣ ба ҳимояи манфиатҳои давлатҳои ҷаҳон низ ташаббускор аст. Ин иқдомҳои наҷибу созанда мавқеъ ва обруи кишвари моро дар арсаи ҷаҳон баланд намудааст, ки маҳсули андешаҳои комил ва саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Таъкид шуд, ки шароити пуртаззоди ҷаҳонишавӣ ва вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, ки метавонад истиқлоли миллӣ ва амнияту ҷомеаи моро халалдор созад, тақозо менамояд, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, истиқлолу озодии кишвару миллатро ҳифз намоем, волоияти Конститутсия ва қонунҳои давлати худро таъмин кунем, саъю талоши худро ба хотири боз ҳам устувору мустаҳкам гардонидани сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ равона сохта, Ватанамонро обод ва давлатамонро неруманду пешрафта гардонем.
Вилояти Хатлон дар солҳои истиқлоли давлатӣ дар доираи фаъолияти меъёрҳои конститутсионӣ аз пешрафт ва таҳаввулоте, ки дар кишвар ба вуқуъ пайвастанд, дар канор набуда, дар фазои орому осудаи ватан бо саъю талоши сокинони шарафмандаш дар рушди тамоми саҳоҳои иқтисодию иҷтимоӣ муваффақ гардида истодааст. Шароити мусоиди сифатан беҳтар гардидани рушди устувори иқтисодии кишвар ба он мусоидат намуд, ки дар вилоят ҳазорҳо корхонаҳои саноатӣ ва иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шуда, ба сокинони вилоят садҳо ҷойҳои нави корӣ таъмин гардад.
Дар интиҳо барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо сурудҳои саршор аз тараннуми Ватан ва сулҳу субот дар иҷрои ҳунармандони вилоят пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон