ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НӮҲ МОҲИ СОЛИ 2024


Имрӯз, 14 октябр, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2024 баргузор гардид.

Дар ҷамъомад муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раис, масъулони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, раисони ҷамъатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.

Ҷаласаро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуданд, ки аҳли заҳмати вилоят бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳангоми сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баён намуданд, дар доираи барномаю нақшаҳои тасдиқгардида чораҷӯӣ карда, дар натиҷа нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 9 моҳи соли 2024 бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст карда шуд.

– Дар давраи ҳисоботӣ бо азму талоши Пешвои муаззами миллат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб карда, сокинони сарбаланди вилояти Хатлон ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосоямон сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашиданд. Тавре аз таҳлилҳои соҳаҳои мухталиф бар меояд, дар баробари муваффақиятҳои ба дастомада дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт масъалаҳои ҳалношуда ва захираҳои зиёди истифоданагардида низ ҷой доранд, – афзуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид.

Сипас, гузориши муовини раиси вилоят Каримзода Ҷамшед оид ба муҳимтарин нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят дар соли сипаришуда шунида шуд.

Дар идома муовини раиси вилоят оид ба дастовардҳо дар соҳаҳои саноат, иҷтимоиёт, роҳу нақлиёт, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди сайёҳӣ суханронӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соҳаи иқтисодиёти вилоят нишондиҳандаи кутоҳмуддати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 27,9 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3 банди фоизӣ афзоиш ёфта, ҳиссаи он дар таркиби нишондиҳандаҳои рушди кишвар 27,2 фоизро ташкил медиҳад.

– Дар 9 моҳи соли 2024, иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,4 фоизро ташкил дода, ба буҷет 2012,7 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 47,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, нақшаи андозҳо дар давраи ҳисоботӣ 102 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 1695,8 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 32,5 млн. сомонӣ зиёд аст. Инчунин, аз ҳисоби иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷети тасдиқшудаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба фонди муътадилгардонӣ ва иншоотҳои муҳими давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18,7 млн. сомонӣ аз ҳисоби буҷети шаҳру ноҳияҳои вилоят равона карда шудааст.

– Дар ин давра, ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 2 миллиарду 606,8 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона карда шуда, аз ин 2 миллиарду 333,5 миллион сомонӣ ё 89,5 фоиз ба соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рост меояд.

Гуфта шуд, ки дар давоми соли гузашта, барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2021-2025-ум 59,7 фоиз таъмин гарида, дар давраи амалишавии барномаи мазкур дар 170 лоиҳа ба маблағи 5,1 млрд. сомонӣ бо пуррагӣ иҷро гардида, дар 86 лоиҳаи дигар корҳо идома дорад.

Дар вилоят ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳо андешида шуда, дар 9 моҳи соли 2024-ум 5,9 млн. доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 4,1 млн. доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад. Айни замон дар вилояти Хатлон 44 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо аз оғози татбиқ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 1,2 млрд. доллар маблағҳо барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обёрӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт, экология, ҳодисаҳои фавқулодда ва сайёҳӣ равона гардидааст.

Давоми 9 моҳи соли 2024 ҳаҷми гардиши савдо ба 12,0 млрд. сомонӣ ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 2,1 млрд. сомонӣ баробар гашта, дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 122 ва 111,8 фоизро ташкил медиҳад. Гардиши савдои хориҷӣ бошад, дар 9 моҳи соли 2024 ба 332,6 млн. доллари ИМА баробар гашта, аз он ҳаҷми содирот 154,5 млн. доллар (46,5%) ва воридот 178,1 млн. доллар (53,5 %) мебошад.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 41739 оилаҳои камбизоат ба маблағи 25,6 млн сомонӣ кӯмаки яквақтаина пардохт карда шудааст, ки ин иқдом идома дорад. Дар арафаи таҷлили идҳои миллию сиёсӣ бо ҷалби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону шахсони саховатпеша, иттиҳодияҳои динӣ ба маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ятимон, ниёзмандон, оилаҳои камбизоат ва шахсони яккаву танҳо дар 9 моҳи соли 2024 ба маблағи 68,9 млн сомонӣ кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шудааст.

Тибқи иттилоъ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 28 млрд. 39 млн. 719,5 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 111,5 фоизро ташкил менамояд. Ба ҳолати 1 октябри соли 2024 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 434 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 191,6 ҳазор гектар ғалладонагиҳо, 132 ҳазор гектар зироатҳои техникӣ, аз ҷумла 120,7 ҳазор гектар пахта, 39765 гектар сабзавот, 13723 гектар картошка, 17218 гектар полезӣ ва 39679 гектар зироатҳои хӯроки чорво гузаронида шуда, дурнамои кишти зироатҳо 106,6 фоиз таъмин гардид.

Дар вилоят бобати иҷрои ҳадафи чоруми Стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рушди босуръати саноат” тадбирҳои мушаххас андешида шуда, рушди соҳаи саноат аз рӯи дурнамои тасдиқгардида таъмин ва дар давраи сипаригардидаи соли равон ба маблағи 8,44 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки бо дарназардошти нархҳои муқоисавӣ суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 6,0 фоиз зиёд шуда, ҳиссаи он дар сатҳи ҷумҳурӣ 22,6 фоизро ташкил додааст.

Дар 9 моҳи соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба соҳаи сохтмон дар ҳаҷми 2 млрд. 473,3 млн. сомонӣ маблағҳо равона карда шудааст, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 116,5%-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз ҳисоби манбаи маблағгузории давлатӣ 453 млн. 281,5 ҳазор сомонӣ, ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуд 548,4 млн. сомонӣ, соҳибкорон 347,7 млн. сомонӣ, аҳолӣ 124,4 млн. сомонӣ ва сармояи хориҷӣ 999,5 млн. сомонӣ мебошад.

Ба ҳолати 1 октябри соли 2024 тибқи нақшаи пешакӣ дар вилоят аз тарафи шаҳру ноҳияҳои вилоят 3540 адад биною иншоотҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 6260 адад, 56,5%-роташкил медиҳад. Дар нӯҳмоҳи соли ҷорӣ 1135 адад биною иншоотҳо мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Дар миқёси вилоят дар умум ба масофаи 2098 километр роҳҳо ба маблағи умумии 173,1 млн. Сомонӣ корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳо гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба маблағи 36,5 млн. Сомонӣ зиёд мебошад.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ва мусоидату дастгирии масъулон дар чорабинии муҳими сиёсӣ, нақшаи даъвати тирамоҳӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2024, №856 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” тасдиқ гардидааст, бо сифати баланд ва дар рӯзи якуми маъракаи даъват, рӯзи “Даъватшаванда” таъмин гардид.

Ба ин хотир, роҳбарияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки саҳми арзанда дар ин самт гузоштанд, бо Ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон, туҳфаҳои хотиравӣ ва ба раисони шаҳру ноҳияҳо барои муташаккилона таъмин намудани нақшаи даъват бо Сипосномаи раиси вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

Дар ҷаласа аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз масъулони ниҳодҳои дахлдор ва раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳалталаб пурсишҳо сурат гирифта, ҳаллу фасли саривақтии онҳо тақозо гардид.

Дар интиҳо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятию минтақавӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини нақшаҳои андоз, истифодаи пурсамару оқилонаи замин, обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, омодагии соҳаҳои хоҷагии халқ ба фасли сармои пешорӯ, ташвиқу тарғиб ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неруи барқ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва амалҳои ношоиста дар миёни наврасону ҷавонон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, таълими ғайриқонунии динӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles