Имрӯз, 1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинови ноҳияи Шаҳритус ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли шифер ва қубурҳои астбестиро оғози расмӣ бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ сохта шудааст.
Сохтмони корхонаи истеҳсоли шифер ва қубурҳои астбестӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Сатторов Муҳаммад сохта шуда, 13 нафар ба ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Иншооти мазкур бо маблағи 2000000 сомонӣ сохта шуда, ҷиҳати таъмини масолеҳи сохтонӣ ба сокинон мусоидат хоҳад кард.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба масъулони корхона дастур доданд, ки дар раванди истеҳсолот ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ диҳанд ва бо таъмини бозорҳои дохилӣ, содироти шиферро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.
Зимни суҳбат бо коргарону мутахассисон Сарвазири мамлакат таъкид намуданд, ки дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ низ назаррас буда, дар баробари афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон