ӮЗБЕКИСТОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ЗАРФИЯТҲОИ МАЪДАНИИ МИНТАҚА ВА ПЕШНИҲОДҲО ОИД БА ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ


Имрӯз, 26 сентябр, зимни сафари корӣ аъзои ҳайати вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Донишгоҳи давлатии муҳандисӣ ва агротехнологии Тирмиз бо зарфиятҳои маъдании минтақа ва пешниҳодҳо оид ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ шинос шуданд.

Дар он ҷо иқтидори вилояти Сурхондарё дар саноати маъдан, кӯҳӣ ва геологӣ ба ҳайати вилояти Хатлон муаррифӣ гардид. Дар он тоҷирони ду вилоят низ ширкат доштанд.

Дар презентатсия дар бораи иқтидори сармоягузорӣ дар соҳаи саноати геологӣ, конҳои нафту газ, ангиштсанг, полиметалл, намаки ош, масолеҳи сохтмонӣ аз қабили гаҷ, гранит, аргиллит, чашмаҳои оби маъданӣ маълумот дода шуда, пешниҳодҳои лоиҳавии дар ин соҳаҳо таҳияшуда муаррифӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles