Имрӯз, 10 сентябр, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи корӣ муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, қисман роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии вилоят иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар 8 моҳи соли 2024, нақшаи маҷмуи андозҳо, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дурнамои кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, мавсими чиниш, харид, захира ва коркарди пахта, маҷмуи маҳсулоти саноатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба масъулон ҷиҳати ҳалли камбудиву норасоиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон