КӮЛОБ: ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ САНГУ ШАҒАЛ


Рӯзи 4 сентябр, раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ыамоати дещоти Зиракии шаҳри Кӯлоб корхонаи коркарди сангу шағалро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи мазкур дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди соҳаи сохтмони ноҳия, бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ, таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва дигар эҳтиёҷоти сохтмонӣ дар шаҳри Кӯлоб корхонаи коркарди сангу шағал бунёд гардид.

Зимни суҳбат бо роҳбари корхона раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ назаррас буда, дар баробари афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки давоми соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 40 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба истифода дода шудааст.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles