Имрӯз, 5 сентябр, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаи “Таҳкими рушди устувори иҷтимоӣ- иқтисодӣ” бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Меҳнатобод, Қаҳрамон ва Панҷруд бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода ва дигар намояндагони мақомоти дахлдори соҳавӣ ширкат намуданд.
Бинои бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Сафар Гадоии деҳоти Панҷрӯд бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба маблағи 983 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Масоҳати умумии бино 178 метри мураббаъро ташкил дода, аз се утоқи корӣ ва иншоотҳои ёрирасон иборат мебошад. Баъди ба истифодабарӣ додани иншоот 5 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Бинои бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Садбаргои деҳоти Қаҳрамон низ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба маблағи 1 миллиону 0,57ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Масоҳати умумии бино 180 метри мураббаро ташкил дода, аз се утоқи корӣ ва иншоотҳои ёрирасон иборат мебошад. Баъди ба истифодабарӣ додани иншоот 5 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Бинои бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Гулистони деҳоти Меҳнатобод бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба маблағи 1 миллиону 0,61 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Масоҳати умумии бино 182 метри мураббаро ташкил дода, аз се утоқи корӣ ва иншоотҳои ёрирасон иборат мебошад. Баъди ба истифодабарӣ додани иншоот 5 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Ба истифода додани ин муассисаҳои кӯмаки авввалия дар деҳот барои беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ дар деҳот мусоидат намуда, имкон фароҳам менамояд, ки ба ҳифзи сиҳатии аҳолӣ тақвият дода шуда, сокинони деҳот аз хизматрасонии босифати тиббӣ таъмин бошанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон