ДӮСТӢ: ИФТИТОҲИ БУНГОҲИ ТИББӢ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


Имрӯз, 1 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷиликули ноҳияи Дӯстӣ Бунгоҳи тиббиро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои дар оянда ба оммавигардонии таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа додан ва ба тандурустии аҳли ҷомеа овардани шароити боз ҳам беҳтар мавриди истифода қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки бунгоҳи тиббӣ дорои 3 утоқи корӣ буда, бо талаботҳои меъморию шаҳрсозӣ бунёд гардидааст.

Дар доираи тадбирандешии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёд 4 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Фармоишгар ва пудратчии иншоот Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ соли 2023 оғоз гардида, соли 2024 ба анҷом расиданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суҳбат афзуд, ки дар баробари дигар соҳаҳои муҳим, соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бесобиқа намуда, бо биноҳои замонавӣ, таҷҳизоти муосир, табибони таҷрибадору соҳибтахассус таъмин гардида, вазъи хизматрасонии тиббӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

– Баҳри пешрафти кори соҳа, беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла дар деҳот ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта бо пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорони бонангу номус, шахсони эҳсонкор ба ифтихори ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди 477 иншооти соҳа, ба нақша гирифта шуда, 128 адади он аллакай мавриди истифода қарор гирифтааст, – афзуд раиси вилоят.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles