Имрӯз, 2 сентябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Рӯдакии ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли хишти сабук ҳусни оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи истеҳсоли хишти сабук дар як шабонарӯз то 1000 дона қудрати истеҳсолӣ дошта, дар майдони 0,8 гектар сохта шудааст.
Дар доираи тадбирандешии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар коргоҳи навбунёд 5 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Тибқи иттилоъ таҷҳизоти коргоҳ аз Ҷумҳурии Узбекистон бо маблағи 450000 сомонӣ харидорӣ ва васлу насб карда шудааст.
Баъди ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли хишти сабук ва шиносоӣ бо шароити кор дар он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба иқдоми соҳибкори ватандӯст ҷиҳати пуштибонии сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар баҳои арзанда дода, он касро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят карданд.
Бояд зикр намуд, ки давоми шаш моҳи соли 2024 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 343 ҷойҳои корӣ ба истифода дода шудааст.
Инчунин дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 29,3 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шудааст, ки аз он 4247 ададаш доимӣ, 14,1 ҳазор мавсимӣ ва 10,9 ҳазор муваққатиро ташкил медиҳанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон