ҶАЛАСАИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


Имрӯз, 5 август, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати кишвар оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо дар нимаи дуюми сол баррасӣ гардида буд, таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва ба таври маҷозӣ раисони шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид вобаста ба масъалаҳои рафти кишти такрорӣ, парвариши пахта (обмонӣ, озуқадиҳии 3-юм, сарчинкунӣ), ҷамъоварии ҳосили кишти зироатҳои кишоварзӣ-ғалладонагиҳо, сабзавотҳо, мевагиҳо, полезиҳо, маҳсулоти ҷангал, захираи хӯроки чорво ва ба ҳисоботҳои оморӣ ворид кардани онҳо, пешниҳоди ченаки назоратии кишти пахта, таъмиру омода кардани корхонаҳои коркарди пахта ба қабули ҳосили пахтаи соли 2024, нақшаи духти либосҳои мактабӣ ва ташкили ярмаркаҳои фурӯши либосҳо дар шаҳру ноҳияҳо, сифатнок таъмин кардани маҷмуи андозҳои давлатӣ ва маҳаллӣ, омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирӣ ва табобати беморони сироятӣ, суръат бахшидани корҳо ва саривақт омода кардани иншоотҳои ҷашнӣ суханронӣ намуда, вобаста ба мушкилоти дар соҳаҳои мазкур ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон таъкид намуданд, ки фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ ва муайян намудани ақидаи иҷтимоии оилаҳо бо усули фардии “Хона ба хона” ҷоннок карда шавад. Инчунин, масъулон вазифадор гардиданд, ки дар байни ҷавонон дар самти баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандустӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва ҷалби бештари ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба корҳои таблиғу ташвиқотӣ тақвият бахшида шавад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles