5 июн, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар идомаи сафари корӣ бо ҳайати ҳамроҳонаш дар маросими кушодашавии корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар деҳаи Сари мазори ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев иштирок намуданд.
Корхонаи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Орзу Ҳайдаров сохта шуда, арзиши умумии он 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Иншоот дар масоҳати 750 метри мураббаъ бунёд гардида, фаъолияти корхона асосан ба истеҳсоли тунука ва коркарди чӯбу тахта равона гардидааст.
Иқтидори истеҳсолии корхона 2 ҳазор метри квадратӣ дар 1 рӯз буда, дар он 6 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Иқдоми мазкури соҳибкор дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун солҳои «Рушди саноат» ба роҳ монда шуда, ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар нақши муносиб дорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон