ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Ҳозирини гиромӣ!
Кӯдакони хушбахти Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Дар сиёсати имрӯзаи Давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқҳои кӯдакон яке аз афзалиятҳои асосӣ ба шумор рафта, иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидааст.

Бо истифода аз фурсати муносиб Шумо фарзандони азиз ва дар симои Шумо кулли кӯдакони вилояти Хатлонро ба муносибати ҷашни “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” самимона табрик гуфта, бароятон саломатию хушбахтӣ ва бурдбориҳо таманно менамоям.

Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон натанҳо ҳамчун рӯзи таърихӣ таҷлил мегардад, балки ҷомеаро аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар ёдовар месозад.
Маҳз дар ҳамин рӯз вақти дӯстдоштаи мактаббачагон – таътили тобистона оғоз мешавад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, аз рӯи анъана мусобиқаҳои варзишӣ, сабқатҳои зеҳнӣ, барномаҳои фарҳангӣ, намоишномаҳои ҷолиби театрӣ ва дигар чорабиниҳои шавқовар гузаронида мешаванд.

Барои фориғболии кӯдакон дар хиёбон ва боғҳои фарҳангиву гулгаштҳои шаҳру ноҳияҳо озмунҳои рассомӣ миёни кӯдакон гузаронида шуда, онҳо офтоб, осмони осоишта ва манзараҳои нотакрори ватанро дар рӯи асфалт тасвир мекунанд. Волидон кӯшиш мекунанд, ки ин рӯзро бо фарзандонашон гузаронида, ба онҳо табъи идона бахшанд.

Мо насли калонсол низ, барои нигоҳ доштани саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда вазифадорем.

Боиси тазаккур аст, ки дар ҷаҳон бо қабули даҳҳо санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва монанди инҳо барои ҳифзи ҳаёт ва инкишофи кӯдакон заминаи устувор фароҳам оварда шудааст.

Бо вуҷуди ин, ҳанӯз дар дунё теъдоди зиёди кӯдакон ба мушкилоти ҷиддии иқтисодиву иҷтимоӣ дучор гардида, на ҳамаи онҳо зиндагии шоиста доранд.

Дар баъзе кишварҳои Осиёву Африқо кӯдакон зери таҳдиди гуруснагӣ, задухурдҳои низомӣ ва сироят гардидан ба бемориҳои вазнин зиндагӣ дошта, аз муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ дур мондаанд.

Бо мақсади ҳифзи кӯдакон ва ҳуқуқи онҳо, Ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ, вобаста ба риояи Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон, санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ қабул намудааст.

Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ давлати иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, барои ҳифзи кӯдакону наврасон, аз ҷумла гурӯҳҳои ниёзманду камбизоати аҳолӣ вазифадор буда, ҳамаи кӯдакони мамлакат узви соҳибҳуқуқи ҷомеа мебошанд, ки барои табобат, таҳсил ва фароғат ҳуқуқи комил доранд.

Барои таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷойи кор ва беҳтар намудани вазъи моддии онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои зиёде андешида шудаанд.

Дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардидааст, ки давлату ҳукумат, падару модарон масъулияти худро бештар ҳис кунанд ва вазифаҳои ба зимма доштаашонро иҷро намоянд.

Ҳукумати Тоҷикистон меъёрҳои байналмилалиро оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодии кӯдакон дар мадди аввал гузошта, ҳифзи саломативу ҳаёти кӯдак, фароҳам овардани шароит барои таҳсилоти онҳо самти афзалиятноки сиёсати давлат мебошад.

Мо бояд фаромуш накунем, ки барои рушду инкишофи ҷисмониву зеҳнии кӯдак фазои орому озод, муҳити пур аз муҳаббат ва ҳисси ғамхорӣ муҳим буда, ояндаи ҷомеа аз рушди зеҳнии кӯдакон вобастагӣ дорад.

Бинобар ин, мо бояд кӯдаконро барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода кунем, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқу рафтори нек тарбия намоем.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз насли навраси болаёқат Ватани азизи моро бо истеъдодҳои комили худ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.

Онҳо дар сабқатҳои байналмиллалии зеҳнӣ, мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён, медалу дипломҳои дараҷаҳои гуногун ва ифтихорномаҳо мегарданд, ки натиҷаи таълиму тарбияи дурусти волидон аст.

Имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таълиму тарбия ва ташаккули шахсияти кӯдакон, наврасону ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии мамлакат ва хориҷ аз он таҳсил кунанд, таҷриба омӯзанд ва соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд.

Ҳамасола садҳо адад муассисаҳои таълимӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуда, даҳҳо мактабҳои замонавии муҷаҳҳаз бо воситаҳои муосири таълимӣ бунёд ёфта, зербинои моддию таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯз то рӯз мустаҳкамтар гардида, таъминоти онҳо бо мизу курсӣ, асбобу ашёи таълимӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони техникӣ ҳалли худро ёфта, баҳри беҳдошти вазъи таълиму тарбия заминаҳои хуб фароҳам оварда шуда истодаанд.

Эътибори ҷиддӣ додан ба бачагони болаёқат, муҳайё намудани шароити мусоид барои таълиму тарбияи босифати онҳо низ аз масъалаҳои бағоят муҳими рӯз ба ҳисоб меравад, ки дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад. Айни замон дар вилоят 47 адад мактабҳои намуди нав, аз ҷумла 3 адад Мактаби Президентӣ, 19 адад гимназия ва 25 адад литсей бо фарогирии зиёда аз 23250 нафар кӯдакони лаёқатманд фаъолият дошта, дар таълиму тарбияи кӯдакону наврасон саҳм гузошта истодаанд.

Ғамхорӣ намудан ба кӯдакони ятиму бепарастор, дастгирии иҷтимоии кӯдакони маъюб ва оилаҳои камбизоат яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба ҳисоб меравад.

Тибқи маълумотҳои расмӣ дар вилояти Хатлон 564 нафар ятимони кулл аз ин 127 нафарашон то синни 18 сола ва 437 нафарашон донишҷӯён мебошанд. Ҳамчунин 13073 нафар кӯдакони маъюби синни то 18 сола ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳар моҳа бо нафақапулӣ таъмин карда мешаванд.

Дар заминаи ҳимояи махсуси давлат қарор додани кӯдакони ятим ва оилаҳои ниёзманд, дар вилоят 14 адад муассисаҳои интернатӣ бо фарогирии 2145 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат, аз ҷумла 28 нафарашон ятимони кулл, фаъолият карда истодаанд, ки дастгирии доимии онҳо дар мадди назари ҳамешагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қарор дода шуда, ҳар сари вақт ба онҳо кумаку дастгириҳо расонида мешавад.

Ташкил намудани фароғат ва истироҳати кӯдакону дастгириҳои наврасон низ аз самтҳое мебошад, ки мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ ва иттифоқҳои касаба ба он диққати махсус медиҳанд.

Бо мақсади ба низом даровардани вақтҳои холии ноболиғон, бахусус дар рӯзҳои таътили тобистона ва зимистонаи мактаббачагон, пешгирӣ намудани оворагардиҳои номатлуб ва ба тарзи ҳаёти солим ҷалб намудани онҳо дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳфилҳои фаннӣ, ҳунаромӯзӣ ва варзишӣ фаъолият карда истодаанд.

Имсол барои давраи таътили тобистона, дар вилоят фаъолияти 948 адад майдончаҳои солимгардонӣ, лагеру истироҳатгоҳҳои назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, мактаб-интернатҳо, лагерҳои истироҳатию меҳнатӣ ва осоишгоҳҳои беруназшаҳрӣ бо фарогирии 191290 нафар кӯдакон ба нақша гирифта шудааст.

Туфайли ғамхориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ рӯз то рӯз беҳтару хубтар гардида, айни замон дар 1386 муассисаи таҳсилоти умумии вилоят 867185 нафар хонандагон таҳсил намуда, шумораи муассисаҳои томактабӣ ба 168 адад ва шумораи марказҳои инкишофи кӯдак ба 2186 адад расидааст, ки дар онҳо зиёда аз 86793 нафар кӯдакон фаро гирифта шудаанд.

Ҳарчи бештар роҳандозӣ гардидани озмуну олимпиадаҳои фаннӣ дар вилоят, имконият дод, ки сатҳу сифати хониш дар муассисаҳои таълимии вилоят як андоза боло равад.
Итминони комил дорем, ки фарзандони мо, насли навраси имрӯза аз сулҳу суботи пойдор ва неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ сипосгузорӣ намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро ба таҳсил ва омӯхтани илму ҳунар ва фарҳанги муосир равона намуда, дар таҳкими истиқлолияти комили кишвар, рушди босубот ва шукуфоии Тоҷикистони азизамон нақши арзанда мегузоранд.

Бори дигар Шумо дӯстони хурдсол, устодон, падару модарон ва дар симои Шумо кулли насли навраси вилоятро ба муносибати «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» табрик гуфта, ба шумо тани сиҳат, дониши хубу аъло ва дар кору зиндагиатон барору комёбиҳоро таманно менамоям.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак,
ҳамдиёрони азиз!

Related Articles