Имрӯз, 31 май, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид бо сафари корӣ бо мақсади қабули шаҳрвандон ва боздид аз рафти корҳои созандагиву ободонӣ ба ноҳияи Муъминобод ташриф овард.
Ба раиси вилоят 13 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд. Шаҳрвандон оид ба масъалаҳои кашидани хатти барқ ба деҳаи навбунёд, бунёди бунгоҳи тиббӣ, сохтмони муассисаи таълимӣ, таъмини оби полезӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ, бунёди корхонаи хиштбарорӣ, кумак барои табобат, аробачаи маъюбӣ, гирифтани гранти раиси вилоят барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ, муроҷиат карданд.
Пас, аз қабули муроҷиати шаҳрвандон, Раиси вилоят бо фаъолон ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот таъкиду супоришҳои Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз мулоқот бо фаъолон дар ноҳияи Данғара, ки рӯзи 25 май анҷом дода буданд, ба ҳозирин расонид. Дар рафти мулоқот оид ба дастовардҳои ноҳия ва баъзе норасоиҳои мавҷударо хотирнишон сохт. Инчунин, оид ба бартараф кардани камбуду масъалаҳои ҷорӣ пешниҳодоти муҳиму заруриро ироа намуд.
Дар ҷамъбасти мулоқот ба мақомоти иҷроияи маҳал ва мардуми ноҳия барои пеш аз муҳлат иҷроиши нақшаи даъвати баҳорӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳматнома эълон намуд.
Барои иҷроиши дигар нақшаҳои давлатӣ комёбиҳои назаррасро таманно намуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон