Имрӯз, 27 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо вазири кишоварзӣ ва бозори истеъмолии вилояти Свердловски Федератсияи Россия хонум Анна Кузнетсова ва ҳайати ҳамроҳикунандаи он кас мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқот раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зикр намуданд, ки вилояти Хатлон дорои иқлими мусоид барои рушди соҳаи кишоварзӣ буда, деҳқонони асилу соҳибтаҷрибааш бо тақвияти анъанаҳои неки заминистифодабарии ниёгон тавассути омӯзиши роҳу усулҳои муосири соҳа ва меҳнати содиқонаву ҳавасмандона дар заминаи шароити мусоиди мавҷуда, сол аз сол ба натиҷаҳои дилхоҳи меҳнатӣ ноил гардида, дар баробари таъмини талаботи бозори истеъмолии мамлакат, ҳамзамон ҳазорҳо тонна маҳсулоти гуногунро ба дигар давлатҳои низ содирот менамоянд..
Вазири кишоварзӣ ва бозори истеъмолии вилояти Свердловски Федератсияи Россия хонум Анна Кузнетсова низ гуфтанд, ки ҳадафи мулоқоти мо суҳбат бо соҳибкорону деҳқонон ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба вилояти Свердловск ба шумор меравад.
Бояд зикр намуд, ки ҳамасола дар вилоят зиёда аз 300 ҳазор тонна пахта, 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 500 ҳазор тонна пиёзи барвақтӣ, ангур ва зироатҳои полезӣ истеҳсол карда мешавад, ки як қисмати он ба хориҷи кишвар содирот мегардад.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон таъкид намуданд, ки робитаҳои мо бо роҳбарияти вилояти Свердловск дар ҳоли рушд аст ва баҳри тақвият додани хоҷагии халқ, хусусан содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҳамкории судманд дорем.
Пас аз мулоқот барои огоҳии беҳтар оид ба вазъи соҳаи кишоварзӣ меҳмонон аз корхонаҳои саноатӣ ва заминҳои кишоварзии шаҳри Бохтар, хоҷагиҳои деҳқонӣ, заминҳои кишоварзию полезӣ, киштзорҳои сабзавот ва гармхонаҳои лимонпарварии ноҳияи Кӯшониён дидан намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон