Ҷавонони саодатманди Хатлонзамин!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки рамзи эътимоду пуштибонии давлат аз ин қишри фаъолу ояндасози ҷомеа мебошад, самимона шодбошу таҳният мегӯям.
Боиси фараҳмандист, ки Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон яке аз санаҳои таърихии замони Истиқлоли давлатӣ буда, ба ин муносибат дар саросари мамлакатамон, аз он ҷумла шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар доираи моҳвораи ҷавонон силсилаи чорабиниҳои мухталифи фарҳангию маърифатӣ, варзишию фароғатӣ доир мегарданд. Имрӯз Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст ва давлат барои рушди онҳо, амалишавии ташаббусҳои наҷибу созанда ва сайқали неруи зеҳнии ҷавонон тамоми шароити имконпазирро фароҳам овардааст.
Мо бо ҷавонони диловару матинирода, ватандӯсту меҳанпарвар, бонангу номус, ободгару бунёдкор, фозилу боистеъдод, навовару ҳушмандамон ифтихор мекунем, зеро онҳо бо иштироки фаъолонаи худ дар пешрафти давлат ва ободии Ватан саҳми арзишманд мегузоранд. Ифтихоровар аст, ки имрӯзҳо ҳазорҳо ҷавонони бонангу ватандӯсти Хатлонзамин бо адо намудани қарзи фарзандии худ, хизмати сарбаландона дар сафи Артиши миллӣ ва ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ садоқати худро ба Ватан-модар нишон медиҳанд. Пеш аз муҳлат иҷро гардидани нақшаи даъвати баҳории ҷавонони синни даъватӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯҳияи баланди ифтихори ватандорӣ, ғурури миллӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳо шаҳодат медиҳад.
Ҷавонони ояндасози мо бахубӣ дарк месозанд, ки ҳеҷ як давлате бидуни Артиши миллӣ устувору поянда нахоҳад монд. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ин мактаби ҷасорату мардонагӣ ва далериву шуҷоат аст ва ин вазифаи муқаддасу пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як ҷавонмарди солимфикр ва бонангу номуси кишвар мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ ҷавононро неруи созандаву бунёдкор, пешбарандаи ҷомеаи навини кишвар ва ояндаи халқамон эълон кардаанд ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунанд. “Зимоми ояндаи Ватан ва давлат дар дасти ҷавонон мебошад. Мо онҳоро бояд тавре тарбия карда, ба камол расонем, ки фардо тавонанд Ватан ва давлатро соҳибӣ кунанд, онро обод созанд, боз ҳам пешрафта гардонанд ва миллату давлати худро ба аҳли башар ба таври шоиста муаррифӣ намоянд”, – таъкид кардаанд Пешвои миллат.
Дар ҳақиқат, имрӯз дар назди ҷавонони Тоҷикистон масъалаҳое қарор доранд, ки барои ҳаллу фасли онҳо зиракии сиёсӣ, илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, забондонӣ, ҷаҳонбинии замонавӣ, ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату халқи Тоҷикистон ва худшиносиву худогоҳӣ тақозо мешавад. Хусусан, дар шароити имрӯза, ки мардуми сайёраро таҳдиду хатарҳои муосир ва вазъи пурҳаводиси ҷаҳон, аз ҷумла кӯшишҳои азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», ҷангу низоъҳои диниву мазҳабӣ, терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва мушкилоти дигар ба ташвишу нигаронӣ овардаанд, масъулияти ҷавонони мо дар самти ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат рӯз то рӯз бештар мешавад.
Ҷавонони азизи Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки истиқлоли воқеӣ доштан ва соҳибдавлату соҳибватан будан барои инсон бузургтарин неъмат ва волотарин ормони зиндагӣ аст. Танҳо афроди воқеан ватандӯст метавонанд дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созанд.
Ҷойи шубҳа нест, ки ҷавонони бонангу номуси тоҷик ҳамеша ҳомии манфиатҳои миллию давлатӣ ва фарзанди сазовори диёри арҷмандамон хоҳанд буд. Мо ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо эътимоди комил дорем. Ҷавонон воқеан соҳибону бунёдгарони ояндаи Ватан ва идомадиҳандагони кору пайкори созандаи Пешвои миллат ҳастанд.
Ҷавонони азиз!
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки имсол 25 май бори аввал дар тамоми кишварҳои дунё расман таҷлил карда мешавад, рост омадааст. Ифтихоровар аст, ки муаллифи ин ташаббуси сатҳи ҷаҳонӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошанд. Ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 майи соли 2024 зимни иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии СММ мавриди пазириш қарор гирифта, қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии футбол” қабул гардид.
Бовар дорам, ки тамоми ҷавонони вилояти Хатлон бо рӯҳияи баланди ифтихори ватандорӣ, ба мисли футболбозони тимҳои мунтахабамон, минбаъд низ бо рафтор, гуфтор, донишу амали неки худ баҳри шукуфоиву пешрафти беш аз пеши диёрамон саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Мо бояд бо шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша ҳушёр ва сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлона заҳмат кашем, Ватанамонро обод созем, давлатамонро неруманду пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Бо таманнои сарсабзиву офияташон тамоми ҷавонони шарафманди вилояти Хатлон ва Тоҷикистони маҳбубамонро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, ба ҳар ҷавони сарбаланди Ватан тандурустиву хонаободӣ ва ба диёри арҷмандамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.
Поянда бод, ҷавонӣ ва ҷавонон!