НОМАИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 80-СОЛАГИИ ХОДИМИ ДАВЛАТӢ ОҚИЛ ОҚИЛОВ

Имрӯз Оқил Оқилов – ходими намоёни давлатӣ, cобиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни мавлуд доранд ва ба синни мубораки 80-солагӣ қадам мегузоранд.

Бо камоли эҳтиром ва самимият ин шахсияти некномро ба муносибати рӯзи мавлудашон сидқан табрик намуда, барояшон, пеш аз ҳама саломатӣ, умри бобаракат ва саодати зиндагӣ таманно дорем.

Муҳтарам Оқил Оқилов аз зумраи содиқтарин хизматчии давлатӣ, роҳбари оқилу донишманд ва парвардаи мактаби бузурги сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Бо фаъолияти назаррас, пурмаҳсул ва намунавиашон дар ҷомеа соҳиби иззату обрӯи баланд ҳастанд.

Фаъолияти кориашонро аз сармуҳандис сар карда, то ба инструктор, муовин, мудири шуъбаи Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон адои вазифа намудаанд.

Солҳои 1993-1999 ба ҳайси вазири сохтмон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилоят, солҳои 1999-2013 дар мақоми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият кардаанд.

Хизматҳои муҳтарам Оқил Оқилов бо якчанд мукофотҳои давлатӣ қадршиносӣ гардида, мавсуф айни замон давлати пирӣ меронанд.

Муҳтарам Оқил Оқилов бо саъю талош ва ташаббусҳои созанда дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, афзун гардидани эътибори байналмилалии Тоҷикистони маҳбубамон хизмати шоён кардаанд.

Ин сиёсатмадори номдорро чун арбоби маъруфи давлатӣ, роҳбари соҳибистеъдод, ватанпарвари ҳақиқӣ, ки худро барои хидмати Ватан, татбиқи амалии сиёсати давлату Ҳукумат ва рушду тараққии Тоҷикистон бахшидааст, эҳтиром мегузорем.

Дар ин рӯзи накӯ барои фаъолияти бисёрсолаи босамарашон дар хизмати давлатӣ, саҳмгузориашон дар ташаккули ҷомеаи маданӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ арзи сипос баён менамоем.

Бо таманнои саломатиашон, бори дигар муҳтарам Оқил Оқиловро ба муносибати ҳаштодумин баҳори умрашон самимона шодбошу муборакбод гуфта, барояшон хушбахтӣ, саломатии бардавом ва рӯзгори пурфайзу бобаракат таманно дорем.

Пирӯзиву комёрӣ ҳамеша ҳамқадами Шумо бошад!
Зодрӯз муборак!

Related Articles