Дар толори Чойхонаи «Шамсулло»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 4 майи соли ҷорӣ бо иштироки сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Абдуллозода Фариза, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ ва дигар намояндагон даври вилоятии озмуни «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани масъуляти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоӣ, фарҳангӣ, нигоҳдорандаи анъанаҳои миллӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ, шаҳрвандӣ ва рӯзгордории оилаҳо, солим устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ ва бесаробон мондани фарзандон, коҳиш додани раванди таъсиррасонӣ, омилҳои доғи рӯз ба муносибатҳои оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн мебошад.
Дар озмуни мазкур беҳтарин оилаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардида, ҷиҳати болидахотирии онҳо барномаи фарҳангии санъаткорони ноҳия пешкаш гардонида шуд.
Озмуни Ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар асоси банди 32-и ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.