МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУХТОРИ ТУРКМАНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН


Имрӯз, 3 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кочмурадов Аймурад дидору мулоқот анҷом доданд.

Зимни мулоқот ба муштаракоти фарҳангию равобити дерини дӯстонаи Тоҷикистону Туркманистон таъкид шуда, қайд гардид, ки ин ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ сол аз сол вусъат меёбанд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз доштанд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангӣ, гуманитарӣ, мубодилаи гурӯҳҳои эҷодӣ, иштироки мутақобил дар фестивалҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳо ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Масъулияти баландро барои ҳифзи риштаҳои дарозмуддати дӯстӣ дарк намуда, итминон дорем, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, фарҳанг, сармоягузорӣ мусоидат мекунад.

Раиси вилояти Хатлон иброз доштанд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба Ҳукумати Туркманистон барои бунёди мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар ноҳияи Дӯстӣ изҳори сипос мекунам.

Бояд зикр намуд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 барои 540 ҷой нишаст дар деҳаи Ғаллаободи ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон ба нақша гирифта шуда, аз ҷониби Туркманистон сохта мешавад.

Бинои муассисаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар назар аст, ки бо истифода аз шароитҳои муосири илмомӯзӣ ва муҷҷаҳаз бо синфхонаҳои барҳаво мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Фармоишгари сохтмон сафоратхонаи давлати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пудратчии асосии сохтмон Ҷамъияти хоҷагидории «Довлет Гурлушык»-и давлати Туркманистон мебошад. Корҳои сохтмонӣ аз 21 июни соли 2023 шуруъ шуда, лоиҳакаши бино ООО “Хатлонлоиҳасоз” мебошад.

Сафири фавқулода ва мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кочмурадов Аймурад зимни мулоқот иброз доштанд, ки айни ҳол корҳо идома дошта, 60 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст ва то ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

Гуфта шуд, ки дар ҳоли ҳозир дар вилояти Хатлон беш аз 18 ҳазор туркман ба сар мебаранд ва дар ин вилоят 6 мактаби туркманӣ-тоҷикӣ фаъолият мекунад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баён доштанд, ки халқҳои мо тачрибаи ҳазорсолаҳои дӯстӣ дошта, дар муҳити хештаншиносӣ бо ҳам зиндагӣ мекунанд.

– Итминони комил дорам, ки натиҷаи мулоқоти имрӯза ба таҳкиму густариши ҳамкориҳои минтақаҳои мо мусоидат хоҳад кард, – афзуд раиси вилояти Хатлон.

Бояд зикр намуд, ки гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон бо Туркманистон хуб буда, асосан воситаи нақлиёт, сузишворӣ ва карбамид ворид мегардаанд.

Пас аз мулоқот сафир аз ҷараёни корҳои сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 огоҳ мегарданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles