ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 80-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ РӮЗНОМАИ ВИЛОЯТИИ “НОВЫЙ ХАТЛОН”

Муҳтарам аҳли эҷод!
Басо фараҳбахш аст, ки рӯзи 1 майи соли ҷорӣ аз замони нашри шумораи якумини рӯзномаи русизабони вилоят – “Новый Хатлон” (дар гузашта бо номи “Красный хлопкороб”, “Курган-тюбинская правда”) 80 сол сипарӣ мегардад. Тӯли ин ҳашт даҳсола рӯзнома содикона дар таъмини фазои иттилоотии вилоят, ташаккули афкори омма, муаррифӣ татбиқи сиёсати давлатӣ ва тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ саҳми шоиста гузошта меояд.

Агар ба таърихи матбуоти даврии вилояти Хатлон нигарем, дармеёбем, ки мавзӯю мундариҷа, ҳолат ва марҳилаҳои инкишофи он вобаста ба таҳаввулоти замон, барномаҳои давлатӣ, сиёсати ҳукумат, тағйирёбии афзалиятҳо, рушди технология, афзоиши воситахои нигориш ва касбияти хабарнигорон гуногун будааст. Бо гузашти солҳо, пешрафти арсаҳои кишоварзию саноат, обёрии водиҳо, мавзӯъ ва муҳтавои матолиби рӯзномаи “Новый Хатлон” низ тағйир меёфт. Аммо ҳамеша иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан аз ҳадафҳои аслии аҳли эҷоди рӯзномаи “Новый Хатлон” буд, ки то имруз мавқеи устувор касбнамудааст. Ҳайати таҳририя тамоми неруи зеҳниву имконоти худро баҳри баланд бардоштани маърифат, шуурнокии мардум, тақвияти сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа, ваҳдату сарҷамъии халқи сарзамин ва рушду пешрафти Тоҷикистони азиз истифода мекунанд.

Мояи ифтихор аст, ки то имрӯз журналистону зиёиёни соҳибқаламу саршинос дар ин нашрияи соҳибмактаб фаъолият кардаву соҳибном шудаанд. Исми ҳар як корманди эҷодиву техникие, ки тӯли ин солҳо кори нашрияро пеш бурда, масъулиятшиносона вазифаҳои худро иҷро намудаанд, барои ҷомеаи мо гиромист.

Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кайд намудаанд ки: «Матбуот чашму гӯши халқ ва муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад». Хурсандибахш аст, ки аҳли эҷоди рӯзномаи “Новый Хатлон” дар масири фаъолияти бисёрсолаи худ ин рисолатро бо масъулияти баланд ва сарбаландона иҷро карда меоянд.

Қобили зикри хос аст, ки имрӯз рӯзномаи “Новый Хатлон”, сарфи назар аз рақобати ҷиддӣ дар майдони матбуоти тоҷик, фаъолияти садҳо сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, воситаҳои ахбори оммаи электронӣ, агентиҳои иттилоотӣ, хонандаи худро дорад. Тибқи талаботи замон рӯзнома дорои сомонаи интернетӣ (www.noviykhatlon.tj) ва саҳифаи алоҳида дар шабакаи иҷтимоии “фейсбук” буда, хонандагони худро бо тозатарин ахбор аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо забони русӣ ошно месозад.

Матбуот имрӯз қодир аст, ки ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳои зараровар раҳо созад. Ин маънӣ дар яке аз суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври зайл баён шудааст:

Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ андоза бузург аст.
Дар ҳақиқат, матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо, хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус, ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд”.

Хизмати содиқона ба халқу Ватан рисолати касбӣ ва ҳадафи аслии ҳар рӯзноманигор аст. Онҳо бо навиштаҳои худ дар татбиқи сиёсати фарҳангии давлат, қонунҳои миллӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим, раҳоӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб, инъикоси фаъолияти самарабахши меҳнаткашон, навоварии олимон, дастоварди парчамбардорони варзиш, вусъати амалҳои неки соҳибкорон ва ғайра мусоидат менамоянд.

Мутмаинам, ки аҳли эҷоди рӯзномаи “Новый Хатлон” минбаъд низ бо масъулияти тамом мактаби ташаккулёфтаи эҷодии нашрияро ҳифз намуда, ба таъриху суннатҳои ин боргоҳи маънӣ арҷ мегузоранд, ҳамзамон бо ин рисолати касбии худро самимона иҷро намуда, бо сеҳри қалами худ дар рушди на танҳо матбуоти даврии тоҷик, балки тамоми Тоҷикистони маҳбубамон саҳми мондагор мегузоранд.

Бо ҳамин нияти нек, тамоми кормандони эҷодию техникӣ, собиқадорону хонандагони ин рӯзномаи сохибмавкеъро бо 80-умин солгарди таъсисёбии рӯзномаи вилоятии “Новый Хатлон” сидқан табрику таҳният гуфта, ба шумо сарсабзиву шукуфоӣ, комёбиҳои нав ба нави эҷодӣ, тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори пурфайзу босаодат ва бахту иқболи некро таманно менамоям.

Фаъолияти шарафмандонаи 80-соли рӯзнома муборак бошад!

Related Articles