Имрӯз, 30 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Левакант, Вахш, Панҷ, Хуросон, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва масъулини соҳаи кишоварзӣ ҷаласаи корӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои мавзеъҳои хурӯҷи малах, роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавӣ ва нест кардани малах мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бояд зикр намуд, ки дар талу теппаҳои шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Левакант, Вахш, Панҷ, Хуросон, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор ва Данғара корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома дорад.
Дар мавсими имсола мувофиқи дурнамо дар майдони 72895 гектар коркарди кимиёвии бар зидди малахи марокашӣ ба нақна гирифта шудааст, ки то имрӯз дар майдони 30803 гектар пайдоиш ва хуруҷи малах ба қайд гирифта шудааст ва ба ҳолати 27.04.2024 дар майдони 28715 гектар кардарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Аз он ҷумла, дар минтақаи Бохтар дар майдони 17695 гектар ва дар минтақаи Кӯлоб дар майдони 11020 гектар. Дар ин кор 20 адад тракторҳои дорупошӣ, 7 адад автомашинаҳои дорупошӣ, 636 адад дорупошакҳои дастии мотордор, батарегӣ ва насосодор ва бо ҷалби 780 қувваи корӣ сафарбар карда шудааст.
Бояд зикр намуд, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии хуруҷи малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон Ситоди мубориза бар зидди малах таъсис дода шуда, то имрӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии малах заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ дастрас гардидааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба масъулин дастуру супоришҳо оид ба кору фаъолияти ситодҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ вобаста ба ташкили муборизаи муташаккилона бар зидди малах доданд. Таъкид карда шуд, ки корро дар ин самт ҷоннок намуда, оид ба пешгирии домангустарии ҳашароти зараррасон тамоми чораҳо андешида шавад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон