Имрӯз, 4 январ сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз гардид.
Нахуст Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон аз ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Шибанайи ҷамоати деҳоти Чилчаҳи ноҳияи Темурмалик шинос шуданд.
Бояд зикр намуд, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Шибанайи ҷамоати деҳоти Чилчаҳ аз ҳисоби Агенти беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 670,0 ҳазор сомонӣ барои корҳои соҳилмустаҳкамкунии ва кашонидани 340 адад тахтасангҳо аз ноҳияи Ҳамадонӣ ва 5 тонна сӯзишворӣ барои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ҷудо ва сарф карда шудааст.
Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода баҳри боз ҳам ҷоннок кардани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, истифодаи самараноки масолеҳ, ташкили навбатдории шабонарӯзӣ, дастрас кардани масолеҳи сохтмонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон